Тилав Расулзода. Журналист- переводчик. 56 лет.
Выпускник филологического факультета Таджикского государственного Университета (1981). Был в служебной командировки в Народно-Демократическую Республику Афганистан (ныне Исламская Республика Афганистан)( 1982-1985). Участник и призёр Центрально азиатских экологических фестивалей в Ташкенте (2004), Алматы (2007), Душанбе (2009). Проходил образовательные и профессиональные курсы в Кыргызстане, Казахстане, Польше, Иране, Азербайджане, США, Австрии, Японии.
Отличник печати Республики Таджикистан. Работал в таких изданиях, как: «Нилуфар», «Вароруд», «Озодагон», «Нигох», «Азия-плюс», «Народная газета», ИА «Фергана». Статьи автора изданы в СМИ Таджикистана, Узбекистана, Кыргызстана, России, Афганистана, Ирана, США. В настоящее время работает специальным корреспондентом журнала «Бонувони Точикистон» («Женщин Таджикистана») по Согдийской области.
Женат. Отец четверых детей. Увлекается музыкой, боксом, садоводством, кухней.
Tilav Rasulzoda. 56 years old. Journalist – Interpreter.
Graduated of the Philological Faculty of the Tajik State University (1981). I have experience of working in Democratic People’s Republic of Afghanistan (Islamic Republic of Afghanistan) (1982-1985). Participant and winner of the Central Asian environmental festivals in Tashkent (2004), Almaty (2007), Dushanbe (2009). Passed educational and professional courses in Kyrgyzstan, Kazakhstan, Poland, Iran, Azerbaijan, the USA, Austria and Japan. “Otlichnik Pechti” in Tajikistan.
I have experience of working with publications such as: “Nilufar”, “Varorud”, “Ozodagon”, “Nigoh”, “Asia-Plus”, “Narodnaya Gazeta”, the news agency “Fergana”. Author of the articles published in Tajikistan, Uzbekistan, Kyrgyzstan, Russia, Afghanistan, Iran, USA. Currently working as a special correspondent of the magazine “Bonuvoni Tojikiston ” (Women of Tajikistan) in Sughd region.
Married. I have four children. Hobby: music, boxing, gardening, cooking.
Перевод повести Зинаиды Лонгортовой “У синеводной Оби”
Отрывок
“Охирсухан”
Зиндагӣ зудгузар аст. Осемасар, ба куҷое шитоб дорад. Мисли дарёи азизу бузургу заҳматкаши Оби ман. Оби вай равон аст. Вай ба баҳри сарди Кара мешитобад. Таваққуф намекунад, истироҳат надорад. Ӯ вақт надорад. Вагарна, гирдоби маҷро халал меёбад ва шояд моҳие, ки дар он зиндагӣ мекунад, нобуд гардад. Соҳилҳои он лойқазор хоҳанд шуд. Он замон ҳама чиз мемирад. Ҳама чиз дар зиндагӣ ва дар табиат қонунмандӣ дорад. Ҳамин тавр, кӯдакии ман низ, барои лаҳзае таваққуф накарда, зуд бигзашт. Вай бароям хотироти рӯшан, таассуроте ато кард, ки онҳоро наметавон фаромӯш сохт ва аз хотир берун ронд.
Ду соли муошират бо ҷонвараки кӯчаки ваҳшию беозору навозишкор, ки аз он, содаю кӯдакона озурда шудан ва ҳамзамон ӯро чун азизи хеш, чун бародар ва хоҳари хеш дӯст доштан мумкин буд, бароям шодмонии равонӣ бахшиданд. Ташаккули дурусти шахсият, муносибати хайрхоҳона ба табиат- ин ҳама суханҳоеанд, ки наметавон бо онҳо эҳсосот ва андешаҳои мушаххасро ифода кард.
Дунёи ҷонварак ва бачаҳои одамӣ, ки он замон ҳама гӯё воҳиду якпорча буданд, усулҳои тарбия, сабақҳои таомулу ҷаҳонбинии суннатии хантиҳо, ки бароямон модаркалони солдидаю хирадманд дода буд, меваҳои хешро доданд.
Вай бо камсуханӣ, бе валвала, бо содагиву самимият моро ба маҷрои зарурии заҳматписандӣ, ҳурмату эҳтироми калонсолҳо, муҳаббат ба ҳайвонҳо, алқисса, ба корҳои хайру нек ҳидоят карда буд. Рушди тарбияи маънавӣ маҳз дар марҳалаи ба пой истод шудани кӯдакон муяссар мегардад. Замоне, ки инсон ҳамакнун олами атрофи хешро шуурона дарк мекунад.
Модаркалоне, ки арзишҳо ва анъаноти ҷовидонаи ниёгонро, халқи худро, ки аз бобокалону бобоён интиқол меёфтанд, ҳифз карда буд. Маҳз ӯ, модаркалони роздон ва дӯстдоштаи ман, модари модари ман ва амаки Юхур тавонист на танҳо моро бо ҳарорати қалби хеш гарм созад, балки ин арзишҳо ва анъанотро дар руҳи кӯдаконаи мо ҷой кард.
Ба мо дар дарёфти ҳамоҳангии муошират бо табиат, ки аз қадимулайём хоси тамаддуни Сибир буд, кӯмак кард. Дар бораи тамаддуне, ки дар таърихи начандон дур дар борааш ҳарф зада, таҳқиқу пажуҳиши онро бунёд ниҳоданд.
Дар ин маврид шарт нест, то олими бузург бошӣ. Вале ҳикмати занонаи Унанкии ман, модари калонам, таҷрибаи ҳаётии ӯ барои мо бисёр арзишманд буд.
Писари ҷавон, ки ҳамеша, бароямон улгуи адолат, фазилат ва поквиҷдонӣ ба шумор мерафт, оне, ки ба вай бе ҳеч дудилагӣ метавон эътимод баст, низ маҳсули тарбияи дилсӯзонаю ҷоннисоронаи модаркалон буд.
Ака аз мо калон аст ва мо бояд ӯро ҳурмат бикунем. Мо кӯчак ҳастем ва вай бояд моро эҳтиёт кунад ва бароямон ёрӣ расонад.
Бачаи ҳайвони ваҳшии шӯху аҷиб, ҳароиона, кӯдаконро ба сӯйи худ мекашад. Вале онро ранҷонидан мумкин нест. Чунин аст фалсафаи хантиҳо.
Аз ин рӯ, он таҷрибаи муоширате, ки бо ҷонвари ваҳшӣ ба даст омад, ба андешаи ман, нисбат ба оне, ки мо толибилмони муосир дар роёна дармеёфтем, гаронтар ва арзишмандтар буд.
Ҳоло маъмул шудааст, то дар бораи тарбияи зистмуҳитӣ суҳбат бикунанд. Вале дар амал инҷо чизе намерасад. Моро лозим набуд то муошират ва таъсири мутақобила бо табиатро бароямон биёмӯзонанд. Мо дар ҳамон дунё зиндагӣ мекардем. Вай барои ҳамагон табиӣ буд.
Шояд, хуштолеъ будаам. Аз ин рӯ, ман наметавонистам дар бораи дӯсти почадарози худ нанависам. Дар бораи он ки то кунун дили ман беқарору ноором аст, қисса накарда наметавонам. Қисса накарда наметавонам дар бораи инсонҳои азизу гаронқадрам, дар бораи дӯсти меҳрубон, нотакрор ва хомӯшам- гӯсолача, ки наметавонист назокат ва муҳаббати хешро иброз меборад. То кунун ёдаш бо ман аст.
Дар бораи ҳамаи ононе, ки ман дӯсташон медоштам ва оне, ки маро парасторӣ кард, бо қалби хеш маро, духтараки одиро, гарм кард. Имрӯз дар паҳлӯи ман ҳатто нафаре аз онҳо нест: на модаркалонам, на Акаам, на бародарам Соръёхан похие, на гӯсолача. Вале ман ҳастам ва бояд дар ин бораи он ки чӣ сон як ҷонвари кӯчаку ваҳшии дар як гӯшаи дурдасти беша тавлидшуда, моро дӯст доштан омӯхт, қисса бикунам.
Қисса бикунам дар бораи модаркалоне, ки дар ҳаққи се тан кӯдаконаш ғамхорӣ мекард. Зеро амаки Юхур низ барояш ҳамоно кӯдак буд. Ака – идеёли такомулу рушди мо, инсони комилу ҷиддӣ, низ писарбачае буд дорои муҳаббати фавқулода нисбат ба ҳайвони бешагӣ.
Азбаски амак аз мо бузург буд, қаблаш низ, шояд аз қалбҳои мо бузургтар буд. Шояд ин буд, ки қалбаш дардмандтару дилсӯзтар буд.
Мо, мисли ҳама бачаҳо, метавонистем пас аз як соат дар бораи ғаму андуҳи худ фаромӯш созем. Вале вай наметавонист.
Модаркалони мо зани суннатии хантӣ, заҳматкаш, камгуфтор буд. Вале дар қалби ӯ оташи гарм забона мезад. Дар канори ӯ на танҳо мо- бачаҳо, балки дигарон низ гарм мешуданд. Вай ба ҳама ҳарорату гармӣ ва ҳикмати хешро саховатмандона бахшу тақсим мекард.
Барои он ки инсон ташаккул ёбад, ба вай ҳар қадар кам бошад, ба ҳамон андоза бисёр чиз лозим аст.
Ман ҳаргиз ҳайвонҳоро намезанам, дарахтро намешиканам, бе ягон сабаб гулро намеканам. Агар он замон гӯсолача ба беша мерафт, шояд ман ба дунболаш, бо чашмҳоям нуқтаҳои торикро дар анбуҳи бешазор, дар табиати вуҳуш, ба умеди он ки ба дидораш бирасам, меҷустам. Вале ман дақиқ медонам: дӯсти ман ҳамеша дар қалби ман аст.