Нурали Нурзод

Очень плохоПлохоУдовлетворительноХорошоОтлично (51 голосов, средний бал: 4,73 из 5)
Загрузка...

Родился 20 сентябя 1974 года. Закончил Худжандский государственный университет имени академика Б. Гафурова, факултета таджикской филологии. В 2002 году защитил кандидатскую диссертацию на теме «Комментирование и познание поэзии Бедила Дехлави».  Первые стихи издани 15 лет назад на страницы таджикской прессы. Имею два изданные сборники стихов и 4 научных книг о таджикской классической литературе и критика современная таджикская и иранская поэзия. Ещё один сборник стихов и одна критическая книга готов к печати. Являюсь членом союза писателей Таджикистана с 2005 года. Сейчас работаю на должности заведующей кафедры таджикской классической литературы Худжандского государственного университета имени академика Бабаджана Гафурова.  Имею международной премии Фонда Иранского классического поэта Толиба Омули в области литературы и государственной премии имени Исмоила Сомони Таджикистана.  Примеры моей стихи изданы и в журналах, сборниках и литературных электронных изданиях в Иран, Афганистан, Казахстан, Лондон и других странах.

Издание книги:

Научные

  1. Фуруги рамзхои шигарф. Худжанд 1999
  2. Авасто ва мероси фархангии точикон. Худжанд, 2001.
  3. Фуруги фитрати маъни. Худжанд 2002 (с дополнение и изменением ы 2008)
  4. Меъроче то хуршедии висол (исследования и критика современной поэзии Таджикистана на примере поэта Доро Наджот). Душанбе, 2003
  5. Азони танхои. (сборник стихов). Худжанд, 2004
  6. Мехроби шукуфахо. Худжанд, 2012
_______________________________________________________________________________________________________

ЊАМОСАИ ИШЌУ ФАРЁД

Шаби замистонї

Шаби сукути шодиям

канори љилвазори зулмати

ѓамистони  хобњо.

Шабе, ки

сармохўрдагї меларзид

беди бењосили танњоиро

Ва ранљ мехест

фарёди маро то кўчаи абр.

Ва меърољи меѓ

посухи фарёдамро

мечакид

дар чак-чаки резаборони андўњ.

Мурѓи њаќ

дар дафтари мањтобии шаб

тафсир мекард

мисраъ-мисраъ

шеъри танњоиро:

Ишќ, ишќ, ишќ.

Дард, дард, Дард.

Фарёд, фарёд фарёд!

 

***

Сафар

гурез нест

зи кўчањои шањри Fам

ва кишвари њузури дард.

Сафар уруљ нест

ба ќуллаи сурур

зи водии сууди оњ

ва лолазори нола-нола фарёд.

 

Сафар

интиќоли дард

ва фосилаи риёзат

ба навтарин фазову ваќт аст.

 

Гиристам

шањри хотираро

ва фурў рехтам

бар  сари кучаи танњоии хеш.

Он гоњ,

дареѓ   њиљрат мекард

то беинтињої

ва пайрањаи њасрат

роњї мешуд

маро то ќуллаи андўњ.

Муѓаннии дилам

дар овои мусиќии нафас

ѓазал-ѓазал тафсир менамуд

ривояти андўњро,

њикояти танњоиро

ва ќасидаи беќадрии ИШЌ-ро!

 

ШЕЪРИ САПЕДИ ШОДЇ

 

 

Мегурезам

фосилаи ѓамњои зиндагиро

то интињои кўчаи истиѓно,

шохасори санавбари сукут

ва сояи хандарези нињолаки шодї.

Медавам

то бирасам ба фурсати гулулубориши садо

бар сари сукут

дар фишори зангўлаи дар.

Он љо ки

дар холигоњи борони гулулањои садо

бар масоњати манзилам

интишор меёбад

гиряи  шодиофарин

ва хандаи саодатэљоди кўдакона.

Дар интињои фосилаи фирор

ва ифтитоњи дари утоќам

шеъри сапеди шодї мерезад

оѓўшаки кушодаи Анўшервони азизам

дар фосилаи дастњои кўчакаш.

Ва паноњ мебарам

соатњои ѓамрезамро

дар сояи нињолаки навозиши кўдакона

ва хандањои шоиронааш….

26.06.05

 

КИШТИИ НЎЊИ ОТИФАЊО

                                                                                              Барои Абдувосит

… Ва он дарахти сабз

дар кафи дарё

истиораи танњої нест,

балки муљассамаи садоќат аст

ва пайкараи тавозўъ

алайњи мављпечи ѓуссањои дарё.

Ва сурати сабр

дар муќобили љињоди бод!

– Эй дўст!

Њамеша медонистам

Ва акнун њам медонам

Дар киштии Нўњи дилат

чида- чида хулосањои отифањост.

Сидќ он љост

сабурї, мењрубонї, иродат, ишќ, ихлос…

ва њама он љост.

Ва ман њам

мисли он дарё

амвољи ѓуссањоямро

дигарбора

ба он хоњам борид!!!


                        ДАР ФУРУДГОЊИ ЁДЊОЯТ

 

Мерезам

аз нуќтаи нињояти шаршараи фарёд

бар дўши бехудии худ…

Ин љо

нишемани осмони ѓамњост

ва фурудгоњи њавопаймои андўњ.

Дар нуќтае дур –

он сўи љилвазори дардњоям,

пушти панљараи утоќи мањтобрез

раќси хуршедии ормонњост

дар навори хандањои беѓаш

ва садои садоќатрези бањороѓўши ишќ

ва сабади оѓўши фаромўшии ман.

Ва ин љо

ману танњоиву њуљраи дард

ва фурудгоње пур аз ёдњои ту.

 

 

 

 

 

***

 


ЯК НУЌТА ФУРСАТИ ШОДЇ

 

Дар нуќтае

зи фурсати њиљрати ваќт

њузурат шикастани ранги танњоист

ва убури фосилаи ѓамњо

аз хати љодаи њиљрон

ва расидагии имкони шурби шарбати висол.

 

Ин соат

лабрез мешавам

чакра-чакра шодобии паймонаи интизориро

менўшам љуръа- љуръа гулоби фароѓатро

мераќсам

ламъа-ламъа мањтобии њузури таманноро

менозам

лањза-лањза хуршедии љилвазори саодатро

ва мерасам

нуќта – нуќта фурсати шодиро

дар њиљрати њиљрон

ва   њузури висол

дар сабзтарин фосилаи буданам бо ту.

 

Њолиё,

нињолаки шодиям сабз асту

шукуфаи умедам шукуфо

ва таронаи Васлам шево.

 

Зеро бо ту буданам

ифодаи фарањ аст

дар шеъри сапеди Ваќт

ва ќасидаи зиндагониям.

Танњо бо ту буданам.

27.07.05

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 


 

ТАЌТЕЪИ САДО

Таќтеъи садо

дар мисраи аввали шеъри танњойї

идомаи интизорист

ва таќсири рукни чањорум

дар сатри омаданат

бо садои «Ассалом, ин манам»

шеъри сапеди дили ман аст

дар бевазнии байти висол

ва башорати чањорпораи Ишќ.

 

***


                                                           НУЌТАИ МЕОД

Моваро

љилвазори як осмон садоќат аст

дар тангнои њуљраи танњойї

ва њисори сукут.

Лабрезтарин таронае аз мењрубонї,

Шевотарин ѓазале аз утуфат

Нобтарин байте аз иродат

Гуворотарин ќадисае аз ихлос

Ва мамлутарин диле аз чароѓонии Ишќ

наќл мешавад

то фарози Ќуллаи Иродат

ва арљи минўи ихлос-

яъне то ба Табрези дили ман.

Ин љо

фосилаест дар иттисоли садорезии навозиш

ва њамоишест дар  бедорхобии садоќат

ва андўњзадагии рисолат

ва гиряолудагии наргисистони муњаббат

дар нуќтаи арљ

ва ављи шинохтан,

донистан,

баргузидан,

тањайур,

ва дўст доштан….

Он љо бояд расид…

Бале, бояд расид….

 

 

 

САЛОМ  ТАБРЕЗ!

Дар њошияи сафари Табрез

Субњ

дуртарин парандаи нуќоти гузаштаамро

мепарад то ман.

Дар навори хотира

мераќсад кўдакиям

ва љилва мерезад

соддатарин таманнои шинохтанро:

Дар кўчабоѓи оина

падарам фосиларо ќадам мезанад

аз масири љодањо.

Канори рудбораи кўчак

ва хати рўшани рањ

таваќќуфаш

љилвазори каломи Худост

дар такрори такбир

ва уруљи вожаи омин.

Фаросўи тафосири дуояш

ва ниёиши сабзи шукуфтан

тафаккурам

лабрез мешавад

аз наљвои каломи орифона:

– Ин љо зиёратгоњи Шамси Табрезист!…

… Кўдакиям њиљрат мекунад маро

то имрўз

Миёни фосилањо

зарра- зарра бузург мешавад маро

нури иродат ба Табрез

ва иштиёќи дидораш,

ки мазњари бузургон аст

ва назаргоњи азизон.

Он љо ки

сабз шуда

шохаи нињолаки имони кўдакиямро

бо Шамси Табрезї!

Инак,

аз масири фосилаи руъёњо

мерасам ба рањгузори њаќиќат

ва аз паси панљараи утоќ

дар хати интишори чашми дурбин

муњаббат мерезам

бар вусъати шањр.

Дилам кабўтарон пар-пар мезанад

дар боли калимањои садоќатрез:

Салом шањри муњаббат

Салом оиназори таљаллои ихлос

Салом љилварези Шамси армон

Салом шањри Ишќ,

шањри  Иродат,

ва  ифодаи садоќат ба Ирфон – Табрез!

Салом,

салом

салом!!!                                             14 майи соли 2005 Табрез

 

 

 

 

 

 

 

 


МУЊОЉИРАТИ ФАРЁД

 

Манам, ки

як чаманистон фарёд

ва як толор тоблуи рекломии дардро

муњољират мекунам

аз фосилањои фарёдоѓўш

ва найистони андўњ

то лањзањои тахайулии сабз

ва масири таљаллои чароѓонии фарањ.

Пиндорам

тафсири адами андўњ аст

дар таваллуди табаддулоти замон

ва тозатарин манзарањои фаромўшии ѓамњо.

Сафарамро

хандањое мегирйанд

ва гирйањое механданд.

Дар фурсате

аз  уруљи њавопаймои њиљрат

ва таровиши обии нигоњам

дар пањнои шањристони интизорї

мўйсапеде дар фарози дасти дуояш

даст меафшонад.

Ва лаѓзиши ашкњояш

дар вараќи гунањо

тафсири найномаи диламро менависад:

– Маро бо худ бубар!

– Маро бо худ бубар!

Хуљанд – Маскав

16.10.2005

 


 

 

ИНЌИЛОБИ НУР

 

Оби дарё лойолуд аст

Дар ѓуборолудагињо гиря дорад

ѓуссаи фарёдрези осмони шаб.

Дар дили зулмот

холигоњи нур побарљост.

Дар кафи оина

тасвире зи тафсири китоби шеъри имрўз аст:

…Торикї тасвири изњори таљаллои Худовандї

дар хати пиндорњои сўфиёни ќарни бистуяк

Фикри мо занљирбаста

дар хаёли тугмањои гунгу беэњсоси ройона.

Ишќ колое даруни растаи оинабанди

маркази савдои Номус аст.

Домани покиза

дар оиназори домани кутоњ гумгашта,

балки худ мафњуми доман

аз китоби Дењхудои бонувони шањр берун аст.

Дар фазои вусъатободи замон

њамчу пуфакњои идона

пар-паракњои хиёнат

бод-бодакњои  кизбу кибр,

мераќсанд.

Дар канори њавзи оромиш

аз садои ширадори мурѓакони наѓмасанљи шаб

як фазо берабтии

овозњои  сунъии њофизчањои бењунар хезад.

Дар љунуну љастухезу

дар садои ин дуњулони замона

як љањоне  дилхарошї,

њам паёме аз шикасти ранги аъсоб аст…

 

Моварои инќилоби торикї

дар шањраки гумноми маърифат-

дар фарози осмони љилваи пиндорњоям

њолиё як шањр исён аст:

– Бояд аз оиназори шаб

сўи парвози шуои рўшанї бигрехт,

њалќањои бандро аз тугмањои гунгу беэњсоси роёна

мебояд гусаст,

Бояд акнун

пардањои инќилоби торикиро

пора –пора кард.

Мазњари мо кишвари Хуршед

Манзили мо ќуллаи Нур аст.

Инќилоби нур мебояд!!!

Инќилоби нур мебояд!!!

 

 

ДАР ИСФАЊОНИ  ОРЗУЊО

 

Руъё…

Ва ширинтарин эњсос

дар оинаи тасаввур.

Манзари нигоњам

Убури фосилањост

то масоњати шањре дар дурдаст,

яъне Исфањони орзуњо…

Шитоби пои аќрабаки соат

дар љурии садои тик-тикаш

бо мусиќии рези барф

такрори як сония,

ва даќиќаи шастум

дар соати 12 аст.

Ва дарахти арчаи сазби Шукр

дар сањнаи толори умедњоям

муждагониест аз њузури Соли Нав

дар таѓйири як даќиќаи аввал

ва як раќами охир!

Суруди дуоњоям

як осмон таманноро

то беканорањо пар-пар мезанад!

– Фоли ин солат њам хуљаста бошад,

чун соли рафта!

 


ЗАНГИ ФАРОМЎШИИ ДАРД

 

Нафаси фосила меларзад

тањи як дашти пур аз  бориши барфи дард

ва ѓами талхи хамўшии навои мењр

дар муњите, ки пур аз  расвоист.

Зиндагї сурати як навња хурўши дард

љилвагоњи љараси фарёд.

кўчабоѓи яъс,

хонаи беишќ,

кулбаи торики танњойї…

Њолиё мебояд,

раќами хонаи фарёди фаромўшии ѓамро чид.

Занг хоњам зад

сўи манзилгањи беёдиву бедардї,

љониби дашти фаромўшии ѓурбат.

Тик- тик- тик…

Ва як лањза таваќќуф

дар нафасрези сукут.

Ва пасон

дар тапиши набзи садо

аз фаросўи хати тилфун

љањиши овоест:

-Дергоњест, ки ин ќавми ѓамолуда

маро ќарздораст.

З- ин сабаб

занги ту њам бекор аст…

…Ва дигар муштарии

даъватии мобилї њам машѓул аст….

 


ШИНОХТИ МУДЕРНЇ

Таљаддуд

мераќсад замонаро

дар тафаккури ройона.

Љастухези бўзина

дар толори њавасњои кўчак

ва манзари пиндорњое ночиз

ифодаи њунармандист

ва љараќаи шињоби соќиб

дар фосилаи адами хеш

таљаллои кавкабї.

Имрўз

дар оинаи шинохтамон

фосилаи кўтањ

ќарнњост

ва боѓча

марѓзору

кўча хиёбон.

Нуќсро

дар донишномаи муосир

тафсири камолот хондаем

ва њангро

дар луѓатномаи мудернї оњанг

ва муодили фарњанг.

 

Назари мост

беназарї

ва маърифатамон ољиз,

Ва ин сабаќест

аз китоби таљаддуд

дар сањифаи шинохти мудернї.

 

 

 

 

 


                        ДАР БОFИ БЕЧАРОFИ ШАБ

 

Шањру шабњои пур аз зулмат

Боѓњои холигоњи  нур

Бечароѓї

дар шикасти ранги фурсатњои сабзи ишќ жулида,

Зиндагонї сард.

Барф меборад

ѓуссаборишро зи чашми осмон

бар њоли ман бо дард,

дар мурури фурсати беинтињои буданам

дар кўчае аз боѓи танњої.

Бод менолад

ѓурбатамро дар фишори

хотироти њафтранги пеш аз акнун.

Номаи фарёд бетафсир,

балки дар нисёну хомўшї таамулрез.

Имтидоди лањза- лањза дард,

интишори нусрати боронии андўњ.

Љодаи торик холї аст

аз њузури нарм-нарми омаданњои

хаёли нурпайѓоми гули истораи уммед.

Меравам

аз кўчабоѓи бечароѓи шаб,

мебарам бо хештан

як каф чароѓи ормон аз рўшанї

аз нур.

Бояд акнун зист

дар шуури шамъ

дар зулмат

ё дар оѓўши фаромўшии нури шамъ.


 ОРИЁНО,

ОРИЁНО!

 

Ориёно!

Ориёно!

Матлаъи хуршедборони тафохур

дар фарози ифтихор аз хеш,

аз таърих,

аз фарњанг,

Мазњари њастии миллат

дар љањони мутазоди гуфтугўњои

тамаддунњо.

 

Тољи рифъат бар сари фарњанги миллї.

 

Ориёно, ориёно!

Мо китоби рўзњоро* хондаем

аз парешонсањфањои Занду Позанди Абисто

то расем бар љилвазори ахтари масъуд.

Павтави мањтоби шодї

дар шабони мост рўшан

аз  фурўѓи нусрати дорўи хурсандї**.

Ориёно, Ориёно!

Ранљњои љабри таърих

бар сарат борида тўфони љањолат

бурд то Юнонзамину Рум

нусрати фарри ањуроро,

бо Авасто,

бо Сикандар.

Махзани андешањои сабз-

боргоњи њифзи таърихи Аљамро

сањфа- сањфа сўхтанд як зумра

дар гармобањои тоби нодонї

Ориёно, Ориёно!

Ќавмњое аз тињигоњи асолат.

аз биёбон

љангалу дашту тамаддун

то фарози кўњсори фарри фарњангат

даст ёзиданд,

Шавкату шони туро бурданду бо худ

дар фишори даъвии аз хеш кардан.

 

 

Аз дурўѓу

аз љањолат,

аз фузулї,

касрати тањрифи таърих

бофтанд сад банд маънї

бо умеди рањзани ба Гангдижу

њам «Савонењ њикмат»-и мактубат.

Ориёно! Ориёно!

Нусрати фарри каёнї

пањн гашта аз Бухоро

то ба Юнону

Урупо,

Чину Мочин

Њинду Покистон!

Њафт кишвар аз фурўѓи

нурбори њастии ту гашта рўшан.

 

 

Эй ту Кўњи Ќоф андар вусъати сайёраи фарњанг,

Эй Дамованди шукўњи маънавият

Эй чароѓистони Албурзи асолат

нусрати мероси ту кофист

аз барои ифтихори мову дунё!

 

Њайкали фарњанг

дар гардишгањи таърих

Парчами шўњрат ба рўи боми Дунё

Ифтихори рўзгори рафтаву имрўз

њам фардо

Ориёно!

Ориёно!

Ориёно!

 

*.- Рисолаи рўзњо исми китобест, ки шафоати њар рўзи моњ дар он тафсир шудааст.

** Дорўи хурсандї номи асари пањлавї, ки мутолиаи он рўзгори маънавии инсонро офият мебахшидааст.

 

 


АДАМИ САДОЌАТ

 

Боз маъсият,

ноумедї,

ранљиш аз андешањои бесарунуги замона.

Осмон бо чашми ѓамолуда мегиряд

шохаи бишкастаи сарви садоќатро.

Кўчањо холї

аз навозишбўсањои нарм-нарми бод

балки дар исёну

дар девонагињои  шамоли дард

мегурезам хешро то соябони хонаи савдои бемењрї…

Баъд аз он то дафтари корї-

њуљраи тасвири танњойї,

кўчабоѓи рўйиши гулњои афкори самимї-

яъне, шеър.

Кафтари андеша

дар масири Кањкашони ёдњо

мепарад то дурдасти фикр.

Дар давоми роњи ањли дил –

Боязиду Шамсу Мавлонову,

Мансур,

Молику њам  Суњравардї,

ва њазору анди дигар рањравони маслаки ирфон

як муриди мактаби сидќам.

Дар замони мо,

ки фурсатро гузашта технулужи

фикру эњсосу тахайул

љумла мањфузанд

андаруни папкањои зардранги  компутери ваќт.

Ишќ маснўъ,

мењрубонї,

сидќу ихлосу иродат,

сарбасар маснўъ.

Балки акнун,

хат кашида рўи эњсоси садоќат

тугмањои сарди бемењрї

дар китоби хотироти компутери ваќт.

Ишќро дар издивољи љисмњо

бурда берун

аз китоби Куллиёти отифат.

Аз адам то мењрубонии навозиш

аз фурўѓи шўълаи ихлос,

аз эњсоси масмуми садоќат

то масири марг

як ќадам роњи дигар мондаст.

 

Бояд акнун њифз кардан

охарин оёти њастии садоќатро.

5.02.06

 

 

Хуруљи яъс

            дар имтидоди ранљњои замона

                         илоље дар лоилољист.

 

Њолиё,

Фарњанги инсонї

            ба сони таъйини таърихи

                                   китобати дастнависест норўшан

дар баргњои парешонаш.

Ё сўхтаест дар кавири љањл

                                   ва ё муљассаи сўхтори фарњанги миллї дар кафи таърих.

Ва дар осуѓдаи муќоваи он

                                   медурахшад

                                               нафаси охарини буданашро

шўълањои фурўзони аташ…

 

 


 

СУХАНЕ БОЯД ГУФТ

 

Бод андўњи маро менолад

дар кафаш лањзаи пуррезиши баргони дарахти лутф

Ноларез аст садои дили танњоии шаб

Обњо ќиссаи як ѓуссаи талхеро

аз гузашти ваќт мехонанд

бо садое мањзун.

Дергоњест дар ин њолати такрории фурсат

Манаму фурсати муътодии хомўшиву сукут

ва сурури њузн.

Балки чандин сол аст,

ки дар ин фосила мечархам.

Њолиё

дар таки андешаам аз якрангї

ибтикоре њаст,

ки дар он љилваи таљдид аст.

 

-Сухане бояд гуфт.

то ба андозаи  њарфи дили чашма,

хандаи рўшани мањтоб ба сўи зулмат

ва садои дили хуршед..

 

Ё ки дар њаљми чањор мисраи рубої

Ва ё байти пур аз маънии ногуфта

Сухане бояд гуфт…

Сухане бояд гуфт…

 


МЕЊРОБИ ШУКУФАЊО

…Ва даричаи нигоњат

бо лабрезтарин отифат

боз мешавад ба сўям

аз равзани сањар.

Тулўяш

мазњари хуршеди мењрабонї

ва нумўи ёсамини навозиш

дар мењрободи таманност.

Чашмњоят

фурўѓи мањтобии ихлосро

рўшан мешавад дар ман

ба њастии иродат

ва уруљи оњанги башорат!

Њузурат

мерўяд сабзаи садоќатро

дар чаманзори саодат

ва ќад мекашад

сафедори шафоатро

то фарози ќуллаи Нур.

Дар каломат љорист

зулолии тафаккури чашма

ва сафои синаи оина.

Инак,

Эй, шукуфазори садоќат

ва чашмасори эњсосоти масмум

дар вусъатободи умед.

Буданатро

имон меоварам

ба зиндагии шодињо,

ба эљоди ќасидае бар вазни таманно

ба шукўњи ормонњо.

Ва пила-пила

умед мекашам

то субњи дигар,

то рўзи дигар,

то фардои дигар

Ва њамеша…..

ПОСУХИ НОМАИ ЃУБОР

 

Дар рањгузори њодисот

давидани умр ба сўи адам

љињоди буду набуд аст.

Фурсатњост

ки сангбориши

маломати муриди мактаби ибњом будан

бар сарам мерезад.

Аммо

«сари кафидаам зери тоќист».

Дигар ѓам намехўрам

Ва посухи номаи  боронњоро

сукут унвон мегузорам.

Сапедљомањои ибрате дорам

барои худ

аз каломи Абулмаъонї:

«Њуш мебояд

ки дарёбад забони Бедилї».

ва «сайри фикрам осон нест,

кўњаму кутал дорам»

Инак,

идомаи ин љодаро дубора

бо пои љасорат тай мекунам

ва хулосаи маърифати аљзи хешро

дар идомаи посухи номаи ѓубор

бо ду њарф хоњам навишт:

Тафаккури шаб мањтобист

ва пушти пуштаи ибњоми он

чашмаи равшани хуршед.

 

 

 


ОХИРИН НИЁЗ

 

Сахт метарсам аз ин ранги сукут,

ки дарунаш пур аз овоз аст.

Сахт метарсам аз ин вањшати танњоии худ.

ки вуљудаш њама як беша сукутест вањим…

Паси ин бешасукут

Кўлбае њаст, ки дар чашми касе нест падид

ва даруни кулба

найнавозест нишаста ба лаб оњанги људої…

Пушти ин чанд калимоти ба њам пайваста

њаст як бешаи андешаи талх

ки дил аз маърифаташ меларзад

ва ман аз маърифаташ метарсам.

Дили ман меларзад,

Дилам аз маърифати рафтани ту меларзад.

Нек медонам,

Баъди ин рафтани ту,

Зиндагї талхтар аз нашъаи як љом шароб аст

Бе ту будан чї азоб аст…

Оњ, ман медонам,

Баъди ту зиндагиям холитар аз пайкари берўњ аст,

Шањр њам шишаи андўњ аст,

Ва дилам шишаи холист…

Рафтанат санги кафи мўњтасиби берањмаст,

ки ба шаб шишаи фонуси кадом бегунање мешиканад..

Оњ, ай ёр,

Чї ѓамин асту њазин,

Маърифат кардани як мисраи шеъре,

ки пур аз вожаи берањмист!

Дили ман меларзад!

Њавасе мехезад

аз дилам њамчу садои дили ѓамноки ѓарибе,

њавасе захмиву оѓуштаи хун

ки чу оњи дили дарвеш маро лањза ба лањза

зи хиёбони умед

ба биёбони пурандўњи умед

бошитобе ронад.

Охирин њарфи ниёзам

ки чу як чашма дуоест

ва чун чак-чаки хуни дили Маљнун

ба замин мерезад.

Ва њуруфи лаби як марди мусофир

ки дар оѓуши биёбон

ба мўњтољии як ќатраи борон

хуфта дар бистари назъ аст…

Нарав ай ёр!

Нараё ай ёр!

Фурсати умр агар љунбиши мижгон аст

Ё ки як роњи дарозе, ки саранљоми варо нест падид,

Бахудо, бе ту ба сар бурдани ин љунбиши мижгон

ё ки ин роњи дароз

талхтар аз марг аст….


            ВА ПОИЗЕ БАЊОРОЙИН

 

Поиз

ва сурури духтари ѓуссањо

аз танини найнолаи њузн.

Бенакњастист

лањза- лањза хазидани хазони гулњоро.

Дар андешаи бањор бояд рафт

то ваќтро биштобем

аз худу поизу ѓуссањо

то фардову паси фардо-

яъне њузури маќдами бањоройини ормон

дар  кўчабоѓи аљзи духтари ѓам.

Андешаи бањор

ва поизе бањоройин

уфуќи ояти рањоист…

 


НОМАЕ БАРОИ ГУЛИ ЁСАМИН

 

Сањнаи субњу гули нур

Паси он

нусрати андешаи дидори туву пайки висол,

шомгоњи хати фурсат рушан

аз ќудуми нафаси лањзаи кўтоњи фаромўшии андўњ,

яъне, будан бо ту

дар тарабхонаи ёд,

шаби фархундасафар.

Дергоњест, ки хоњиш

њаваси сабти ѓами дил дошт

дар кафи номаи фарёдрасе бар Ту.

Њолиё боди парешонї

мевазад ѓуссаи дарёии манро то дур –

Кўча боронист,

осмон бодаи ѓамњои маро

ба сари пуштаву куњсори гуноњи ќавм

меборад

то ки рўяд гули хуршедии имон ба садоќатёрї

Дар дилам

хуми њадиси ѓами худ

мељўшад

чу майи шеъри сапед.

Хоњам онро ба кафи љоми ту резам, гули љон,

Танњо бар ту!

Ба ту,  эй ояти ихлос барои Нур!

сурати сидќ ба тоблуи замон

љилваи зиндагї дар бодияи беишќї!

Ва иродат ба вуљуди бовар!

Ё ки  андар хати мавзуни њамин

мусиќии њузнпаёми борон

љур созам сухани марсиярези худро,

ки ба суги гули бовар хондам.

 

ДАР ЯК ШАБИ БЕЧАРОЃ

 

 

Фосиларо мехазам

Аз коргоњи худ

То ба хона.

Он љо ки фаромўшии рўшанї

Ва хомўшии гозу барќ аст.

Субњони Аъзамзод њам мегўяд

Нафаси лўлањои хонаи ман њам ях кардаанд

Яъне, зиндагї бе об аст.

Одат кардаам

Мањтобро чароѓи овезони хонаи падар пиндорам

Ва ситорањоро шамъ бишморам.

Зиндагонї гўё

Такрори лањзањост.

Ман танњо фурсатњои таровиши ашъори Рўдакиву Мавлоно

ва Бедилро дар сояи шамъ такрор мешавам.

Аммо ба ќавли Сўњроб

Хонаам абрист

Ва осмон њам имшаб абрист.

Мењрдоди азиз –  фарзанди кўчакам

дар пайи сукути зулмат

ва андаруни кўрчаи сардикўш

фаромўш кардааст гиряро.

Ман роњи хонаи туро

Аз тариќи љодањои сими тилфун

Ё хатмављи мобилї

Тай хоњам кард.

Фаќат ёди туст

Рўшантарин истиораи Нур

Ва љараќаи шамъ

Дар ин шабњои бечароѓ

Ва зиндагонии ман.

 

ДАР ИСТГОЊИ ТАМАННО

 

Субњ

Рўшаниро бедор мекунад

ва модарам мегўяд:

Бархез, ки чашми рўз кафид.

Њоло такрори лањзањо

дар фарози ибтидои як рўзи дигар

табдили аќраби соат муждаи солгард мевазад

Ќатори ваќт

фосилаи ин субњро

ќарор мегирад.

Таваќќуфи фурсат- њамоиши орзуњост

ва дурнамои фардоњо

дар хаёлборони ормонњост

дар истгоњи таманно

 

 

 

 

 


 

ДАРЕЃИ ЊАНЎЗ

   Сугномае дар марги шоири мањбуби Ирон – Ќайсари Аминпур

 

 

Фурсат таваќќуф кард

Фаќат як лањза, ки

борон меборид…

Дар кучаи хуршед

танњо чароѓи хотира хира месўзад.

Сукут – лолафарёд.

Садо –ѓурбатоњанг.

Дар љўйбори ваќт

обшори ѓуссањо љорист.

Мусиќоии  садош

навозиши оњанги њиљронро

такрор мешавад…

Хиёбони танњоии маро њам

дарахте соя намеафканад.

Тењрон- ин шањри шукўњи тањрик-

ва ављи љўшишњову кўшиш

акнун  кулбаи сукути сарду ѓамангез асту

фаромўшхонаи фарањ

ва фазои хираи нишот.

Вуљудашро

пар мекашад

нусхаи тозаи ѓуссаистон.

Дуди мошинњош

дуди оњи инсониятро  уруљ мекунанд то ба осмонњо

ва дубора нозил мешаванд

дар гиряњои худ

аз забони абрњо.

Тењрон боронист.

аммо ман

бороние надорам,

ки худрову ѓуссањоямро

паноњ барам аз ин фарёдбориши андўњ

дар суги њиљрати он парандаи башоратоњанг.

Куљост он мубашшири ќаламрави хуршед?

Куљост он муѓаннии оњангиишќнавоз?

Куљост?…

Њанўз фурсат дошт..

барои будан,

сурудан

ва љавониро пар афшондан.

Њанўз фурсат дошт,

барои ѓамро куштан

ва шодиро сапедасорона  шукуфтан

ва шеърро намурдан.

Њанўз фурсат дошт,

барои суннатро шикастан

ва таљаддудро раќсидан

дар шањристонњои фарохдомани шеъри сапед.

Њанўз фурсат дошт,

барои зистан

дар марги хобњои Суњроб

ва таваллуди дигари Фурўѓ

ва хондани афсонаи Нимо

ба гўши кўдакињои љавонияш

ва имтидоди нафасњои худ

бо оњанги таљдид

дар хиёбони беинтињои хуршед.

Аммо…

Дареѓи фурсати ќоматшикастаи њастї,

Дареѓи њиљрати парандаи башорати шодї

Дареѓи фосилањои беишќ,

яъне бетуї, эй дўст,

Дареѓи њанўз…

Дареѓ…

Дареѓ…

Дареѓ..

 


ЉАНГАЛИ ШАЌОВАТ

 

Чароѓи субњ хира месўзад

                        дар тањољуми шамоли сањар…

            Наворбардори хотира

                                   сабт мекунад

замонањои дурро,

            дирўзро,

                        шомгоњеро

                                   имрўзро ва

                                               лањза-лањза аз њамњамањои         зиндагониро.

Суњроби Сипењрии дилам

                        дар лавњи оинааш

                                   тасвир мекашад

                                               шабањае аз љангалро:

– анбўњи дарахтонаш

                        соя мерезанд зиндагонии башарро дар фарози зулмат

фаќат гурге аз њайавон

ва  лошахўре аз тайарон

ин љо мезиянд

дар шикори њамдигар…

адами осори пойи одамї

бўи фаромўшии ўро мевазад

дар масоњати  ин љазираи ношинос.

Печидагии бархурди шохасори кољњояш

давоми шабро

ба сањар намерасад,

яъне, субњ намедамад

ва фурсат бе њастии хуршед ќадам мезанад.

Њатто кирми шабтоб њам

намедурахшад.

Фазояш муаттар нест

аз атри нафаси арчањо

ва накњате сабзи бурсњо

даво намебахшанд

беморињои нафасиро.

Шояд бурсњояш бенакњатанд

ва ё бењавоии нафасгир

атрогинии бурсњоро

гулўгир карда…

Аслан

љангал љои зебост

ва ќаламрави сабзи муњаббат …

Аммо

ин бешазор

чун љангали устод Доро фалсафа намебофад

ва муждагониеро

љорї намешавад

аз Мозандарони орзуњо…

Тасвири Суњроби Сипењрии дилам

дар оинаи шабањаи љангал

нимаи роњро тай мекунад

ва  акнун дигар маљоли тањрик надорад

ё сурати аљз мекашад

дар идомаи тарсими ин манзара…

Охирин нерўи сураткаши хомааш

катибаи номи тасвир мешавад:

– ин љо- бешаи шаќоват аст,

АЗ ЃУССА ТО ФАРЁД

 

Ѓамамро ќадам мезанам

то фарози љодаи шаб

шамоли ќањролуди поиз

дуди сигори ѓуссаамро интишор медињад

аз хиёбони танњої

то фурудгоњи фарёд,

яъне, осмони абролудаи шањр

истиораи бухори обест

аз уќёнуси андўњам.

Њарчанд

солуни андешањоям пур аз туст,

аммо на мисли дирўз,

ки дар намоишномаи муњаббат буд.

Мане аз моваро

маро садо мекунад

ва мегўяд:

– дигар бо касе шубња набояд кард

Ва бовар њам!

НАМОЗИ ОМУРЗИШ

 

Ман аз тафаккури

як дашт лолаи њасрат

ва аз бидояти боѓи бањорнораси андўњ

таронаи њузур мехонам.

Дарахти холї аз њар чизи

маънии будан

ишорате ба фурсати акнуни мо дорад

мане, ки рустаам аз њељ

ва мезиям дар њељ

чаро ба сар њангомаи ѓурур меборам…

Уруљи субњ

дар убури фосила аз

марзи сивупанљи умр

навои тозае з-оњанги њушёрист..

Сањар хумор мешикам

ба бодаи афсўс.

Замони зоданам шояд

замона дар дили поиз меларзид

ва барги нахустини дарахти зардолу

дар охирин нафаси тарки самар

ба ранги зард менолид

суруди аллаи њузнам..

Мане, ки  вориси ѓамофарини поизам

Расидаам аз он фурсати борон

ба ин замона,

ки санг дар даст аст

Ва њар нафас мезанад ба фарќи сар моро

Дар ављи соњати ин ранг дард оњанг аст

Ман иќтибоси он аввалин таронаи њузнам

ва њанљараи фарёдњои нав

дар басомади таъсир.

Агар тафаккури андўњ

дар сариштаи фикрам

башоратест ношоён

ва  зиндагоние нохуб

ва корномаи зиштї

Маро чу об

Аз пиёлаи фикрат

Ва аз тирезаи ёдат

Ба берун чош…

В-агар даруни хонаи

зебои ёдњои ту зистан

њузури ман даруни водии  ѓамњо

ва њам шикастани паймони ќолаби рўз аст

 

Дубора ихтиёр хоњам дод

ба дасти домани пири муѓони ин роњ-

ин сафарнасибае аз нур…

Чароѓи нимаи шаб боз рушан шуд..

…Садои занги мубилам

маро ба манзили хуршед мехонад.

Падар ба њикмати мавлоии таљдид

кушода дасти дуои  њидоят

аз  моварои гўшии тилфун:

– Намоз, нури чашми ман

башорате ба  субњи бедорї

ва љамъи љодаи кушоишњост.

намоз бояд хонд!…

Ман аввалин ракат намозро ин субњ

ба номи азиз ту хоњам хонд

Эй азизи ягонаи ман!

Намози омурзиш!

 

 

 

..

 

ДАР ЌАЊВАХОНАИ ШАБ

Барои Эњсони Раљаб

Шањр боронист

Домани шаб лойолуда.

Мезанад шаппотии борон

Бар рухи оинаи мурдоб.

Бо садои тап-тапи ў

љўр хоњад шуд.

Чаќ-чаќи паймонаам

Бо љоми танњої.

Ќањвахона-

Гўшае дар гўшаи бишкастани санги хумори ѓам

Хилвати нисёни боронњо

Њолиё,

Ѓусса хўрданро фаромўшам

Балки нўшидам варо паймона- паймона

бо шароби ишќ

дар кўи хароботи муѓони шаб.

Соќиё, як љоми дигар рез,

Нўши љонат

бод ин паймонаи борон

ташнагиям бишканї бо як ќадањ оби њаёти ѓам!

Љоми аввалро

барои куштани андўњ бардорам

 

Дигар акнун

Чак- чаки борон,

Ѓуссањои марди танњо нест,

Ёдгоре аз фаромўшии ман дар туст.

 

Оњ, эй Мансур,

Эй тасвири девори садоќат дар Бухорои шарифи ишќ!

Ман туро маъзур медорам,

лањзае чун марди роњи ишќ буданро натонистам

 

Баъд аз ин њар субњ

Ёдгоре  аз шаби борон намемонад

љуз њузури доѓњои лойии исторагуна

Дар фазои шомгоњи осмони љомаи чарминаи ман.

 

 

 


                                     НАВРЎЗГОЊИ БОВАР

Замон дигар ошуфта нест

 Ва замин оганда аз эњсоси рўидан аст кунун

Ќатори турнањо

башорат аз нузули оёти рањмати борон аст

ки фардоњош зиндагониро тар хоњад кард.

Гўё фариштае

Парвезани осмонро мебезад

То ѓуборњо борони рањматро лойолуд насозанд.

Бонуе  зарфњояшро

зери борон мегузорад

То сар шўяд

Бо таманнои эњсони осмон бар  зиндагонияш…

падарам мегўяд

шустани ѓуборњо,

таконидани хонањо

адами зарфњои куњан,

бахшидани гуноњњо

ва бўсидани рўйњо аз сари эътиќод

дар шабонарўзи Наврўз

ба истиќболи фариштањост.

Ман њам

колињои хонаи диламро метаконам

ва обњои тафаккурамро меполам

то зангорро зудоям…

ва наљво мезанам ба остони осмонњо

-биё, эй фариштаи башоратњо

Ба хонаи дилам,

яъне наврўзгоњи бовар…