Шоистаи Равшан

Шоистаи РавшанРодившись в солнечном Узбекистане, проработавшая в охваченном войной Таджикистане, увидевшая красоты Казахстана, Индии, Австрии, и наконец, нашедшая новый дом в Кыргызстане - все мои жизненные пути свидетельствуют о том, что я гражданка Мира. Очень рано появился интерес к творчеству. С детских лет сочиняла сказки, рассказы, стихотворения, которые публиковались в журналах для детей и юношества. В 1993-1997 гг., как активный телевизионный журналист и телеведущая освещала горячие новости во время гражданской войны в Таджикистане. В качестве специалиста по гендерному равенству организовала кризисный центр по оказанию психологической помощи женщинам-жертвам гражданской войны в городе Душанбе. Являясь тренером по социальному развитию в американском фонде “Каунтерпарт Консорциум” провела более 70 образовательных тренингов на социально-экономические темы в разных уголках Таджикистана. Провела творческие вечера классиков таджикско-персидской литературы, таких как: Руми, Хайям, Рудаки и т.д. В данное время возглавляю общественый фонд “Аржанг”, который оказывает всестороннюю поддержку писателям на международном уровне. Являюсь членом и тренером Центрально-азиатского ПЕН-клуба, членом Национального союза писателей Кыргызстана, членом жюри литературного альманаха – “Много языков- один мир”, членом “Ассоциации таджиков им.А.Рудаки” в КР, членом Общества таджиков мира “Пайванд”, отличником культуры КР. Также преподаю историю философии, культурологию, религиоведение, психологию, этику, эстетику в нескольких университетах Кыргызстана. Автор 67 – художественных и научных книг. Данная книга “Меҳргиё” (“Жень-шень“) ещё не опубликованная книга, которая повествует о величайшей любви к родителям и человечеству. Состоит из трёх коротких рассказов, в которых раскрывается любовь к Матери, и описывается освобождение сердца от земных привязанностей.


"Мехргиё"

 

Гули қоқу

Боре модар гули қоқу ба дасти мани  тифлак дод. Пурсидам:

         -Модар ин чӣ гуле?

-Гули қоқу, -  ҷавоб дод модар.

         -Гули қоқуууу, чӣ қадар зебоооо,  - бо хушҳолӣ ва таҳайюр нидо кардам.

         Модар маро ба оғӯш гирифт ва гуфт:

         -Ҳар кӣ гули қоқуро  дар аввали баҳор ба даст гирифт, то охири умр умраш баҳор мегардад, рӯйи хазон намебинад.

         Ман аз он замон ба ин гуфтаҳои модари меҳрпарварам бовар мекунам. Эҳсоси кӯдакиам дубора бедор мешаванд.  Кӯдаквор шодиву бозӣ мекунам. Айёми тифлиамро дар хотир сахт ҳифз менамоям.   То имрӯз ваъдаи модар амалӣ шудааст, чун дар дил айёми зебоипарастии тифлӣ, эҳсосҳои наҷибу назокатпарастиро гум накардаам. Гуфтаҳои модар ба мисли дуои сари  намоз буд бароям, ҳар замон, ки гирифтори мушкилоти зиндагӣ мегардам, ёди гули қоқуи модар мекунам. Гули қоқу маро наҷот медиҳад. Хаёлан мебинам, ки модар бо дастони сап-сафеди нозукаш ба сӯйи ман гули қоқуро дароз карда буд. Он замон ман аз модар беҳтарин тӯҳфа гирифта будам. Имрӯз ин армуғон маро нерӯ мебахшад, аз душвориҳо наҷот медиҳад. Чун ман аз кӯдакӣ ин армуғони модарро дар умқи дилу рӯҳам ҷо кардаам. Ман эътимод мекунам ба нерӯи созандагӣ ва наҷотбахшандагии ин гули қоқуи Модар.

         Ба зудӣ  фасли баҳор фаро мерасад, боз гули қоқу бар дараву  баландии кӯҳҳо, сари ёлаҳо  мерӯяд. Боз шиддати шодии ман афзун мегардад.  Хотираҳои бачагии маро дар тафаккури ман амиқ месозад.

Биё гули қоқуи азиз, биё дунёи кӯчакии маро боз бо хотираҳои нав, бо нишоти тоза биёр. Дар хаёлоти ман гулу сунбулҳои олам назди гули қоқуи модар сархаму таъзим мекунанд. Шумо ҳам ба сайри гули қоқуи ман ташриф фармоед. Ин ҷо шодӣ тантана дорад, булбул нағмасароӣ дорад. Олами ҳаявон, паррандагону одамӣ сурур доранд. Гули қоқу... Гули қоқуи Модар, наҷоти зиндагиву армони  ман,  гули қоқуи Модар!

 

Наққошӣ

Боре барфи зиёд бориду рӯйи замини ҳавлии моро саросар  бистари сафед пӯшонд. Ман хурдсол будам, боридани барфи сафедро хеле дӯст медоштам. Ҳама ҷо сап- сафед мешуду ҷалои нуқрафоми он чашми маро хира мекард. Рӯйи барф бо чӯби дароз тарҳи хоҳару бародар, модару падар, бибиву боборо мекашидам. Пас аз анҷоми  “наққошиам” тамошои онҳо бароям як олам лаззат мебахшиданд. Хоса,  ин корро субҳи барвақт дӯст доштам анҷом бидиҳам. Аввал аз рахти хоб мехестаму зуд  саҳни ҳавлиамон мешитобидам ва ба кашидани аксҳо рӯи барф мепардохтам.

         Як субҳ ман аз хоб дер хестам ва тозон ба назди  панҷараи хонаамон рафтам ва дидам, ки модар бо ҷорӯби дароз замини  наққошии маро бо шитоб мерӯфт. Зуд ба назди ӯ рафтаму бо ашки равон гуфтам:

         -Чаро ин барфҳои зебои маро мерӯбӣ. Ин ҷо ман сурат мекашам.

         Модар қомати болои худро рост карду гуфт:

         -Барои он ки пайраҳара тоза бикунам, чун ҳаво хунук мешавад, замин ях мезанад ва ту шояд лағжида биафтӣ.

         Ман ин лаҳза фаҳмидам, ки модар кори дуруст мекунад, ғами маро мехӯрад, то ба ман осебе нарасад. Бо эҳсоси сипосгузорӣ   ба ӯ наздик шудам, ӯро ба оғӯш гирифтам, аз рӯйи зебояш бӯса гирифтаму гуфтам:

         -Ташаккур,  модари азизам, ки пайраҳаи маро поку тоза мекунӣ, ки ман наафтам, дард накашам.

         Модар дар ҷавоб гуфт:

         -Ман ҳамеша,  як умр пайраҳаи зиндагии туро тоза нигоҳ медорам, то лағжида наафтӣ,  ҷисмат дард накашад.

         Имрӯз ҳам эҳсос мекунам, ки модар шоҳроҳи зиндагии маро бо ҷорӯби дарозаш аз ҳама нопокӣ, зиштиҳо, маризиҳо ва монеаҳо поку тоза  нигоҳ медорад.

         Ҳоло ба сӯйи бузургсолӣ меравам,   вале ҳамоно рӯйи барф пайкараҳо мекашам. Аз рӯйи  аксҳо мебинам, ки  дар бари мо   чеҳраи модар, падар , бибиву бобоҳо нестанд.  Аммо ман ҳамеша ёди онҳо мекунам, чеҳраи онҳоро мекашам, то онҳо дар хотири “наққошии” ман ҷовидона бимонанд.

         Барфи сафед меборад, эҳсоси бачагии наққошигарии маро дар дилам ба ҷӯш меоварад.  Бибор, бибор, эй  барфи сафед, то нақши модару ниёи гузаштагонамро туйи ту зеб бидиҳам. Ин лаҳзаҳоест, ки   фалсафаи зиндагиро ба гӯши ақли ман такрор мекунанд:  чеҳраву нақши волидайну бибиву бобо -  ҷисми онҳоро  имрӯз хок пинҳон кардаааст. Чеҳраҳои нав падид омаданд: фарзандону наберагон. Чӣ қадар хуб, теъдоди чеҳраҳое, ки ман ҳоло “меофарам” зиёданд. Чӯби наққошиам омодаи  кашидан аст, ашк чашмонамро ба сӯзиш меоварад.   Нидои сахт дар даруни дил ба фарёд меояд: Ку он чеҳраҳо, бибиву бобо, модару падар, ки чеҳраашонро ҳам дар  зиндагӣ медидаму ҳам дар наққошиҳои кӯдакиам барчаста меофаридам? Чаро ин қадар зуд онҳо аз паҳлӯи мо рафтанд?  Ҳама зуд буд мисли оби равони зудгузар. Танҳо нақши онҳо  дар банди дил монда, хотираҳояшон  дар кунҷи ақл ҷовидона нақш баста.

         Бибор барфи сафеди кӯдакиам,  бибор, то чеҳраҳои гузаштагони азизи худро рӯйи тахтаи сафеди наққошиат сабт намоям. Чеҳраҳои онҳоро бо дили пурхумор тамошо бикунам. Лаззат бибарам, бибӯям ва бинолам ва бигӯям: дӯст дорам барфи сафеди кӯдакӣ, сохтани нақшу чеҳраи модару дигарон. Бибор, бибор ва бибор барфи сафеди ман, таскини дилам, маскани  наққошии чеҳраофаринии кӯдакиам, бибор, бибор...

 

«Эй дил даме бедор шав, бедор шав…».. (Ҷ.Румӣ).

         Эй дил,  биё, ба сӯи шодиҳо, фараҳҳо, нусратҳо ва ормонҳо.Эй дил, биё  сӯи орзуҳо қадам гузор, хоҳиш ва кӯшиш ба харҷ деҳ.Эй дил, кӯи  дӯст биё. Аз сӯҳбат ва машварати ӯ баҳра бардору комёб шав.Эй дил,  мафтуни зебоиҳои атроф шав! Аз зиндагӣ ҳаловат бибар.Эй дил,   аз  кӯйи гумроҳӣ бурун о, ба сӯи ҳақиқати аслию воқеӣқадам зан!Эй дил, тарки канораҷӯӣ кун, бо боди баҳорӣ ҳамнишин гард!

Эй дил! Тарки  ранҷурӣ кун ва аз гузаштаи хеш маяндеш!Эй дил,  аз маҳбаси худхоҳӣ берун ой! Рӯ  ба дашту дамани озодӣ неҳ!Эй дил, сӯи ошиқ ой, бӯса ба ҷабини хотироти ширини ӯ бизан!Эй дил, худро  аз обу бори   камҳавсалагӣ кам кун, сӯи дарёи муҳабббат бишитоб!Эй дил, хома аз рӯи миз бигир, руйи   майсаҳо биншин, дар  дафтари баҳор номаи ошиқона бинавис!Эй дил, интизориҳои беҳуда макаш, зиндагиро он тур, ки ҳаст,  муҷалло қабул намо.Эй дил, гумкардаро пайдо кун, гули умед ба хоки орзуҳо бипош!Эй дил, беҳуда озор накаш, ғам махӯр. Назари дилрабое сӯи дарё бикун, аз оби равон панде бигир!

         Эй дил, ҳамрози  паррандагони шод бош. Аз заҳмати мӯре донакаш, ғози сиёҳи мағрур, оҳуи кӯҳиву гурги биёбонӣ панде бигир. Зиндагӣ заҳмат аст, саховати ӯ дар чеҳраи талоши ту ҳувайдо мегардад.Эй дил, бо худ гуфтугӯ кун. Дар ниҳонхонаи худ  бо ошноён машварат бинмо!Эй дил,  ҳиммат баланд дор! Ба кӯи накӯиҳо қадам зан!  Ғамхорӣ бамардум кун!Эй дил,  сари  тавба поён  кун! Хато бибахш, сафо ато кун, маҳрами рози дигарон бош!Эй дил, бо хотироти пешин падруд гӯй, рӯ ба  воқеоти имрӯз овар! Эй дил,  сахӣ бош! Кардаҳо, гуфтаҳо ва ногуфтаҳоро бубахшой!Эй дил,  ором бош!Лутфан… То ҷони азизам аз ту оромишу осоиш ва рифоҳ пайдо намояд!

Очень плохоПлохоУдовлетворительноХорошоОтлично (9 голосов, средний бал: 4,33 из 5)

Загрузка...