Сироджиддин Икроми

IMGЗакончил таджикскую филологическую факультет Таджикский государственный университет им. Ленина в 1990 г. С 1983 по 1985 служил в рядах ВС СССР. Работаю в Торгово-снабженческое предприятия "Китоб". Республиканский библиотечный коллектор Являюсь автором книги: "Очаг Любви" (поэзия), "Жажда встречи", "После дождя", "Один шаг до пропасти", "Из тьмы к свету" (все проза). А также " Книга на протяжении истории" моя научная работа,которая получила премии Союз журналистов Таджикистана имени Абулкосима Лохути в 2014г.


Повесть "Из тьмы к свету"

«Из тьмы к свету» пятая книга Сироджиддина Икроми, котороя вышла в свет в 2014 г. на таджикском языке.

Главным героем данного произведения является  ребенок, который ещё не родился. То есть, таджикский читатель  впервые ознакомится с  таким ещё совсем маленьким  героем .

События, отражённые в повести, происходят в наше время. Главный герой рассказывает о том, что он чувствует и как по-своему воспринимает окружающий мир, как волнуют его голоса родителей, обсуждающих различные события их семейной жизни. К сожалению,  атмосфера в доме не всегда бывает доброжелательной, между супругами возникают споры, ссоры, взаимные упрёки и обиды, которые постепенно разрушают пьедестал их семейного счастья. На восприятие окружающего мира очень влияет психологическое состояние матери. Таким образом, устами главного героя освещаются проблемы политических, экономических, межнациональных отношений между людьми, проблемы семьи и брака, культура поведения, взаимоуважения, взаимовыручки. Маленький герой не только обращает внимание на существующие  проблемы, но и указывает пути их решения через уста отца и матери.. ..

Данная повесть была опубликована на страницах еженедельника «Дишидак», где вызвала огромный интерес читателей. Позднее (2014) повесть была выпущена в свет отдельным изданием.

отрывок

АЗ ЗУЛМОТ БА САФО

(ќисса)

I

Нахустфардам, ки аз ин макон њарф мезанам. Ин муколламаро метавон њамчун рўйдоди нодиру љолиб пазируфт, ба он монанд, ки дар чиллаи тобистон барф борад. Бале, дигар хел наметавон онро ташбењ дод. Охир, то кунун набуда чунин ва оянда њам рух доданаш ба гумон аст.

Њама фарди заминием, аммо бо ин вуљуд фосилаи миёни ману шумо аз Замин то Самост, зеро на ман шуморо мебинаму на шумо маро. Дунёи ману шумо аз њам тафовут дорад, маро торикї фаро гирифтаву шуморо равшанї. Аммо аљобаташ дар он аст, ки ман дар ин торикї сабру тањаммулро пеша дораму шумо ба ќадри равшанї, ки бењтарин неъмат аст, намерасед ва шукри онро ба љо намеоред. Тасаввур кунед, ки як рўз Офтоб рух нанамояду дунёи шуморо бо анвори роњатбахши хеш равшан накунад, чї мешавад? Дањшат њамаро фаро мегирад! Паноњ ба Худо аз чунин рўз!

Мепурсед, ки маро чї дунёест? Дунёям айни њол шиками модари азизам аст, аммо то ба шумо пайвастанам муњлати зиёде намонда. Аз чигунагии макони зистам напурсед. Маълумоти зиёд надорам. Њамин ќадар медонам, ки маро ињота карда се пардаи девормонанд ва амниятам таъмин аст. Дигар чизеро намедонам. Не, дурўѓ гуфтам, инашро њам медонам, ки шумо низ як муддат дар чунин њолат будед, аммо аз он дар сафњаи хотири шумо чизе боќї намонда. Хеле аљиб аст–а? Нуњ моњ аз њаёту зиндагиат паси парда мемонад, ба ибораи дигар, будї, набудї. Њамин гуна хоњад буд чун ба дунёи шумо биоям. Чї њикмат дорад чунин иродаи Офаридгор, бароям муаммост.

Агарчи аз пушти се ќабати њимоятгар аз дидани дунёи шумо мањрумам, аммо њар он чи бо модарам рўй медињад, агар набинам њам, эњсос мекунам ва мешунавам њарфњоро, зеро тавъамем бо њам, пайванди руњию љисмї дорем. Модарам шод бошад, хуш аст хотирам ва агар абри рўзгори тиратабъашро хира карда, пас, то аз миён рафтани ин њолат дар панљаи ногуворињоям. Њамин њолат маљбурам кард, ки садо баланд кунаму бо шумо дар муколама шавам. Њарфам паёмест аз зулмот ба сафо.

Аз таљрибаи модарам дарк кардам, ки дар дунёи шумо бо афтодан ба чанги фикру андешањои ногувор, дањњо роњи рафъи он мављуд аст: модарам барои тоза кардани ѓубори дил ба назди зани њамсоя – холаи Гулноз меравад, ки ў халтаи гапро монад, барномањои телевизорро мебинад, дарздўзї мекунад, китоб мехонад, тоату ибодати Худои якторо ба љо меорад, берун рафта бо занњои њамсоя менишинад, ба мењмонї меравад… Аммо кор тамоман ранги дигар дорад дар ин дарун, аз он чи гуфтам, нишоне нест, њамдаму њамрозе надорї, њамааш вобаста аст ба модарат, то хуб шудани авзои руњияш ночор тоќат кардан лозим меояд, агарчи кори сањл нест ин. Модарам то љое имкон њаст, дарк намекунад ин алоќамандиро, аз ёдаш фаромўш мешавад вуљуди ман гоњо, сари масъалањои ночиз зуд–зуд асабї мешаваду хира мегардад табъаш, ба ёд њам намеорад, ки танњо нест, њамроњаш манам. Падарам њам, гарчанде рољеъ ба вазъи ман аз модарам пурсон мешавад, аммо гоњо берун мемонам аз доираи таваљљуњаш, њастии маро аз ёд мебараду хотири модарамро бо дуруштњарфї озурда месозад. Модарам ки ранљид, хоњу нохоњ, дасти њузн дароз мешавад сўям, ба зулмот мубаддал мекунад ин торикии хонаи маро, Худоро зора мекунам, ки њар чи зудтар модарам аз дунёи андўњу ѓаму ѓусса берун биояд, вагарна њолам хароб мешавад. Мефањмам, ин кори айёми њукмфармост, ки бо мушкилоти бешумораш торњои асаби одамонро чун тори кашидаи танбўр таранг кардааст. Ба болои ин, модарам дар њељ куљо кор намекунад, маълумот њам надорад. Бори рўзгорро падарам бар дўш дорад, ки гоњо аз Сафедкўњ њам гаронтар аст барояш. Дуруст мегўяд, ки «рўзгор ѓори бетагро мемонад, пуршавї надорад». Дарк мекунам, ки ѓусса мехўрад сари камбуди бешумори он ва мусаллам аст, ки барои њамеша хушњолу болидатабъ ва дар рўёрўйи ногуворињо ботањаммул буданаш ин њолат имкон намедињад. Аммо бо вуљуди ин, падару модарам њаќ надоранд сарфи назар кунанд њастии маро, ба хотири офиятам бояд сабру тањаммулро пеша ва дар њалли њама кор эътидолро риоя намоянд. Агар хилофи ин мекунанд, пас, «аљаб замоне омад, навад дарсади тифлони бадунёомада гирифтори бемории фишори баланди

косахонаи саранд», нагўянд. Магар бо чунин харобии њолати рўњию равонии волидон тифл эмин аз беморї ба дунё меояд? Илољи воќеа пеш аз вуќўъ гуфтаанд, тифли солим хоњед, бо њамдигар муносибати писандидаро ба роњ монед, аммо сари ин андеша намекунанд, афсўс. Дуруст, бар асари ирсї буданаш гоњо ин беморї ба тифл мегузарад, аммо бештар бастагї дорад ба чигунагии табъи волидону муњити

хонаводагї. Падарам инро хуб дарк мекунад, медонад, ки муњити атроф ба ман бетаъсир намемонад, агар намедонист, чанд рўз ќабл телефони мобилии модарамро бо сабти тило вати оёти Ќуръон пур наменамуд ва ўро таъкид намекард, ки бо даст додани фурсат њатман гўш кунад. Агар ў барои таскину оромии хотири ману модарам мегўяд инро, гап надорам ва агар умед дорад, ки ман ба дунё биояму њофизи

каломи раббонї шавам, ин њам орзуи хуб аст, зеро ќории Ќуръон шудан муяссар нест барои њама. Аммо наметавон ихтисосу пеша гуфт онро. Воќеан, сари интихоби касб бигўям, падару модари мо раъйи худро дар бештари маврид аввал гузошта, фарзанди худро маљбур мекунанд, ки ту оянда ину он мешавї. Ба чунин муносибат бояд хотима гузошт! Вазифаи волидон иборат аст аз хўрондану пўшонидану хонондану хуб тарбия кардан. Бигузор, оянда фарзандон кї шудан мехоњанд, худашон интихоб кунанд. Гузаштагони мо бењуда панд надодаанд, ки «сагро бо зўрї шикор бурда на-

мешавад» ва нагуфтаанд:

 

Њар киро аз бањри коре сохтанд,

Мењри ў андар дилаш андохтанд.

Ба ибораи дигар, агар ба касбу кор завќу шавќу муњаббат набошад, баракат намеорад.

Бармегардем ба алоќамандии вазъи рўњии ману модарам. Худоро шукр, ки ў дўстдори молу колои дунё нест мисли баъзе занњо, шикастанафс аст. Агар чунин намебуд, хуни љигар мешуд аз тангдастии падарам. Тамкин дорад, тамкини монанди кўњ, вагарна кайњо аз по афтода буд зи њарфњои падарам, ки тешаву табарро монанд. Барои чї мегўям инро? Зеро эњсос мекунам, ки дар бисёр маврид гуфтори нарми онњо, тадриљан ба бањс ва рафта – рафта тезутунд гардида, билохира ба љанг табдил меёбад, бештар падарам сабабгор мегардад, зеро бисёр марди эњсосотї аст. Аммо лањзае нагузашта, њамаро фаромўш мекунанд, гўё чизе байнашон рўй надодааст. Инро дида мегўям, ки модоме фароварди бањси тезутунди шумо њамин аст, намешавад аз ибтидо ботањаммул андешаронї кунед? Рост гуфтаанд, ки «ба љанги зану шавњар остонаи дар механдад». Ман мегўям, ки ба љанги падару модари ман на танњо остонаи дар, балки тамоми дару девори хона ќоњ-ќоњ мезанад!

Очень плохоПлохоУдовлетворительноХорошоОтлично (13 голосов, средний бал: 4,69 из 5)

Загрузка...