Сироджиддин Икроми

QQ图片20160105114612Закончил ТГУ им.Ленина в 1990г. Автор 5 книг (проза), 1 сборник стихов, 3 научных произведение. Члень Союза журналистов. Лауреат премии Союза журналистов им. Лахути в 2014г. Увлекаюсь творчеством будущий студентом.


Рассказ “МУЉОЗОТ” (на таджикском языке)

отрывок

Рўйи бистар мехобид, ба пушти рост. Чунон ором, ки гумон мерафт кайњо мурдааст. Рангаш   зарди заъфарон, пўст  болои устухон ва басо харобу хазон буд ў. Риши расидааш онро бозгў мекард, ки кайњо боз нотарошида аст, шояд аз оѓози беморияш. Базўр нафас мекашид ва бо дам берун карданаш садои хир–хир ба гўш мерасид. Чунин нафаскашї аз иллати љиддии шушњояш дарак медод. Рўшан буд, ки аз зиндагияш рўзњои башумор монда, ва лањзае пас њолати назъаш фаро мерасад…

Бечора, моњњо боз ранљурї мекашид ва мутаккояш  духтари ягонааш Лола буд.

Аслан, зиндагї табъи дили Самад нагузашт, мањз њамин камбуд кайњо ўро хаста карда буду ранљур. Зављааш бармањал фавтид ва духтараш  низ ба шавњар баромада, вайро танњо гузошта буданд. Танњої бармањал пираш кард.

Рассоми хушсалиќа буд Самад ва чун дигар ањли эљод хурдтарин рухдодро сарфи назар карда наметавонист. Агар чунин намебуд, танњоияшро сангинтарин зарбаи зиндагї барои худ намехонду ин ќадар обу адо намешуд.

Мардуми аљибанд эљодкорон. Нигоњ, андеша, натиљагиришон аз њар як рўйдод  дар муќоиса бо дигарон тафовут дорад, њамеша дорои нуќтаи назари хоси худанд. Мањсули корашон бастагї ба корбурди амиќи тафаккуру андешањояшон дорад ва сари њама дидаву шунидаву мушоњидањошон домани онро густурдаву фарох мекушоянд. Њамин побанди андешањои амиќ буданашон  ишонро ба дунёе, ки танњо хоси онњост, ворид месозад ва бо њамин рухдоди атрофу акноф барояшон бетафовут мемонад, дигар на чизеро мебинанд ва на чизеро мешунаванд, дар дунёи худ бо худ сайр мекунанд. Мусаллам аст, ки бо ин њол дигаронро намебинанд ва њатто салом  додани шиносу ношиносро дар кўча посух намегўянд. Ин боиси ранљиши дувумињо мегардаду онњоро њавобаланд, ањли кибру ѓурур ва њатто девона мехонанд. Шояд девона бошанд, аммо девонањои хирадманд, зеро вориди дунёеанд, ки дараш барои дигарон баста аст ва калидаш истеъдод ном дораду онро Худо танњо ба инњо лоиќ  дидааст…

            Лоларо, ки назди бистари падар  танњо менишаст, ѓанаб   бурд.   Чанд шаб боз хоби роњатро намедид. Аз њар нолиши падар бедор мешуд.  Дар ин чанд шабу рўзи охир ў барои падар њам писараш шуду њам духтар. Дигар падар пойи равову дасти гиро надошт ва њар лањза Лола воќифи ислоњи њолаш буд. Дар чунин њол дурустии њикмати мардуми Шарќ, ки саодатмандию бадавлатии мардро дар бастагї ба соњибписар буданаш медонад, исботи худро намеёфт.

            Самад аз осетинњои муќими Душанбе ва тавлидёфтаву парвардаи обу хоку њамин диёр буд.  Чун бузург ва оиладор шуд, ягона орзуяш ин буд, ки њарчи зудтар писардор шавад, аммо солаш ба пирї расиду орзуяш љомаи амал напўшида, чун худаш пир гашт ва ќабл аз ў дар нињодаш ба олами нестї рафт. Аммо бо ин њол наметавон гуфт, ки саодату давлат ёраш нашуд, зеро Лола дошт, Лолаи љонфидои падар, ки аз њељ писар камї надошт ва дар ин лањазоти вопасини умри падари бузургвораш як лањза аз сари болинаш дур намерафт.

– Гунљишкњоро ронед! Онњоро ронед аз ин љо! – њар сў даст партофта, якбора садо баланд кард Самад.

Њазён мегуфт падар.

Лола аз тарс як ќад аз љойи худ парид.

– Гунљишкњоро ронед! Ба шумо мегўям, онњоро ронед аз ин љо!

Лола худро ба даст гирифту пурсид:

– Падарљон, Шумо чињо мегўед? Кадом гунљишкњо?

– Ронед онњоро аз ин љо! Нагузоред, ки зулм кунанд!

Лоларо   намешунид ў.

Чизеро нафањмид аз ин њарфњои падар, Лола. Њайрон монд.

Самад хомўш гашт ва хомўшии риќаттовар хонаро пур кард. Аммо лањзае пас њазёнгўйии падар ин хомўширо боз аз миён бурд:

– Ронед онњоро! Нагузоред, лаънатињо, хонаро соњибї кунанд! Охир, онњо золиманд…

Боз хомўшї…

Садои занги хона њолати бамиёномадаро халалдор кард. Самад чашм кушод. Лола барои кушодани дар рафт. Лањзае пас бо шогирди падар, Амир, бозпас омад. Самад бедор шуд. Аз зоњираш чигунагии эњсоси ў аз ташрифи ногањонии Амир хонда намешуд. Лаб ба такаллум кушоданаш парда аз рўйи ин муаммо бардошт.

– Амир, чаро дер омадї? Охир, ман мемирам…

– Чунин нагўед, устод. Њоло, Худо хоњад, шифо меёбед, – гуфт  дилбардорияш намуда, Амир.

– Дигар шифоёбии ман амри мањол аст,– гуфт канда–канда Самад ва боз   лаб фурў баст. – Охир, туро ба љойи писарам медонистам…

Амир дигар чизе гуфта натвонист. Хомўшї аз нав дар хона њоким шуд.

– Рўзњои охир падарам њазён мегўяд: “Гунљишкњоро ронед! Ронед онњоро аз ин љо! Нагузоред, хонаро соњибї кунанд…”. Аммо њељ маќсадашро дарк карда наметавонам. Мепурсамаш, посух намегўяд. Аљиб, чї њикмат бошад ин љо?– њолатро   таѓйир дода, хост љавоби ин њарфро аз Амир шунавад, Лола.

Амир он лањза чизе гуфта натавонист, зеро њолати вазнини устодаш сахт мутаассираш карда буд ва ин имкон намедод, ки фикрашро як љо чамъ кунад. Чаро хотираш парешон нашавад, охир мањз бо зањмати   њамин устодаш ў имрўз соњиби њунаре буд, ки метавонист нони фарзандонашро таъмин кунаду зиндагии бофароѓаташро ба роњ монад: њурфчинию, сањифабандию, оройиши кутубро аз ў омўхта буд ва бозори серхаридор дошт.

Очень плохоПлохоУдовлетворительноХорошоОтлично (16 голосов, средний бал: 3,38 из 5)

Загрузка...