Масал

Масал Я в свободное время пишу рассказы и увлекаюсь музыкой. Очень люблю животных и растение.

Накл "Орзуи Орзу"

отрывок

Рӯзи офтобӣ! Ман дар назди тиреза, бо чашмони маюсу дили пурхун ба ҳамсолонам, ки дар поён бозӣ мекардан нигоҳ мекардаму мехостам ҳамроҳи онҳо бозӣ кунам, лек пойҳои ногирон доштам. Муддате бозии дӯстонамро тамошо кардаму гиристам ва аз Худо хоҳиш кардам, ки пойҳоямро деҳ падари осмониям, то ки ман низ мисли дӯстонам роҳ гардам, бози кунам.  Чун орзуи Оруз ба мисли дигарон роҳ гаштану бо ҳамсолон вақтхуши кардан буд,  чашмонамро пӯшидам ва тасаввур кардам ки роҳ меравам, бо ҷӯраҳоям бозӣ мекунам. Шод шуда ба падари осмониям дуо кардам, ки ба ман баракот диҳад ва ман роҳ рафта тавонам, чиқадар гуворову хуш аст вақте солим ҳастӣ, зиндагият хушу пурмаъност. Ногаҳон овози хушу фораме ба гӯшам расид, ки мегуфт: «Эй Орзу ту ки аз ин ҳама маҳруми ба қадраш мерасӣ, лек баъзе фардони солим ба қадри неъматҳои додам намерасанду ношукри мекунанд». Дар ҳайрат шудаму ҳама ҷойро кофтам, лек касеро дар ҳуҷраам пайдо накардам ва такроран пурсидам ту кисти?

Гуфт: «Ман? Ман падари осмонияд, ҳамоне, ки ту рӯ оварди ва дар дуо пойҳои равон хостӣ. Акнун гӯй барои чи ғамгин шудиву ашк рехти?». Ман аввалан тарсидам ва гуфтам ту кисти, баро ин шӯхиҳо хандаовар нест ӯ бо овози фораму хуш қоҳ-қоҳ занон ханда карду гуфт: «Эй Орзуи соддаяк, охир ин маннам,  Худои ягона ва ин шӯхи нест ту ба будани Худо бовар дорӣ? Ту медони, ки офаридгор ҳаст ва ҳамаро ӯ офаридаву сипар аст? Хайр, агар бовар накуни ана бин ҳозир офтобро паси абр мегираму ба осмон амр медиҳам, ки  ашк резад. Ман гуфтам метавони? Гуфт албатта метавонам охир ин ҳамаро ман офаридаам». Ногаҳон офтоб паси абрҳо пинҳон шуду осмон гирист.  Ман пурсон шудам, ки чаро ин корро карди? Ӯ бо садои ғамгин гуфт: «Мисли дигарон ту низ шубҳа кардӣ ва манн барои исботи гуфтаҳо чунин кардам. Медони, ман ҳамаи офаридаҳоямро дӯст медорам ва мехоҳам, ки ҳама хушбахт бошанд, маро самимона дӯст доранд, аз зиндагӣ ризо бошанд, лек вақте мебинам ки нафаре аз офаридаҳоям ғамгину маъюсанд ё ношукрӣ мекунанд сахт гамгин мешавам. Чун ман  ботину зоҳир ва рафтору гуфтори ҳамаро ба мисли оина мебинам ва туро низ хеле хуб медонам, ки чиқадар меҳрубону поквиҷдон, хайрхоҳу ростгӯй, ҳаёти хешро қадр мекунӣ, ки ба ман ҳар субҳ баробари чашмонатро боз кардан шукргузори, ки дидаву шунида ва ҳам сухан кардаву эҳсос карда метавонӣ  ман аз ин имони қавию шукргузорият хеле шод ҳастам».

Баъди ин суханон ман гуфтам, ки эй Худо, ман шукргузор аз ту, ки нафас мегирам, зебогиҳои атрофро дида метавонам, хониши парандагони хушхонро мешунавам, лек ман худро танҳо ҳис мекунам чун дар ин даҳр ғайр аз ту дигар касеро надорам медони падар? Ҳамеша орзу мекунам, ки ақалан як маротиба модарамро бубинам ва оғуш гираму бӯи хуши модаронааш машомамро навозиш кунад, лек афсус ин он орзуи  Орзуст, ки ҳеҷ гоҳ амалӣ намешавад ва ба қалбаш ормон мемонад, то рӯзи марг ташнаи дидори меҳру навозиши волидон.  Ту огаҳи, ки тӯли чордаҳ сол  падару модарамро интизораму умеди чашмонам хушк шуду вуҷудам дар биёбони ҳиҷрат аз ташнагӣ мемирад.

Эй офаридгори тамоми ҳастӣ, ту бо ман дӯст бош чун ҳама маро фаромуш кардаанду касе бо Орзуи ногирон дӯстӣ намекунад ва дардашро ҳис намекунад... Охир ту меҳрубони ту ягонае, ки инсонҳоро ба табақаву ҳусн ҷудо намекунӣ ва барои ту ҳама баробаранд  чи шоҳу  чи гадо. Танҳо ту маро мефаҳми ва Орзу хеле шод аст, ки имрӯз ту бо ӯ гуфтугӯ дораӣ, танҳо ту мададрасонӣ. Дӯстам, ту барои ман маънии ҳаёт ва  ҳам падару модар, ёру рафиқи ҷонӣ, на хониву забонӣ. Меҳрубонам, падари осмониям ту маро мешунавӣ? Ӯ дар ҷавоб гуфт: «Бале мешунавам ман медонам, ки қалби ту нола дорад. Ҳар чи хоҳи гӯй ман туро гӯш мекунам Орзу!». Орзу чи ҳам мегуфт, танҳо мехоҳад пойи равон дошта бошаду бо валидон хушбахтона умр ба сар барад. Ҳаёти оддиву осуда дошта бошад, вақте ба воя мерасад қарзи фарзандиашро дар назди модар-ватанаш адо намояд.  Ту дар куҷо будани волидонамро медонӣ интизор будани маро низ.

Дӯстам ман бисёр фикр мекунам, ки барои чи онҳо маро аз меҳрашон маҳрум карданд? Барои маъюбиям ё  дӯстам намедоштанд? Он гоҳ Худои меҳрубонам гамгинона гуфт: «Орзу ту ором бош, ҳоло рӯзҳои хуш дар пеш асту ту  ба ҳамаи орзуҳояд мераси. Орзу медони  ту  дар сар фикр дорӣ, ки ман ба гуфтаҳои ту механдам, лек фикрат нодуруст». Ман хандидаму гуфтам бале  падар, ту бузурги охир, ҳамачиро медониву аз ҳама огаҳи. Ман рости дар қалби хеш гуфтам, ки шояд ту ҳоло ба ин суханҳоям ханда карда истода бошӣ, ки агар онхо туро дӯст медоштанд танҳо намегузоштанд, лекин ман намефаҳмам падарҷон маро  барои чи ба дунё оварданд, барои чи?

Офаридгорам! Ман ба ту бовари дорам, ки маро  шифо мебахшиву ман сиҳат мешавам, барои миллату давлат, волидони тоҷик, ниёзмандону ба мисли ман маъюбон хидмат мекунам ва меҳр медиҳам.  Давлати зиёд ҷамъ меорам ва волидонамро меёбам, то ки ба чашми онҳо нигаҳ кунам ва ба суоли худ посух бигирам. Дӯсти вафодорам аз ту хоҳиш доарм, ки ба ман умри дарозу солимиро  ҳадя бинмо…

Дӯстам! Ҳар гоҳ ки ғамгин шавам ман бо ту сӯҳбат мекунам. Вақте ки дигарон осуда хоб мекунанд манн аз дарди ҷонкоҳ бедораму ягона ҳамсӯҳбатам туи ва ба ту сипос мегӯям, ки дуои маро зуд мепазириву  посух медиҳӣ. Бо ту ҳамеша дар сӯҳбатам, барои ҳамин дустам вақте бо дустонам мунокиша мекунем онхо маро бо волидониашон метарсонанду ман бошам онхоро бо ту метарсонам. Баробари шунидани гуфтаҳоям Худо боз хандакунон гуфт: «Эх, Орзуи соддаяк, ман хамаи инро хуб медонам, лек ту як чизро фаромуш кардӣ, ки барои ман хамаи бандахоям баробаранд, он дустони ту хам бандагони ман ва фаромуш накун, ки  ҳамаи офаридаҳоямро баробар дуст медорам, танҳо як фарке хаст, ки яке шукргузору дигаре худоро фаромуш кардааст».

Офаридгорам, охир Орзу медонад, ки ту хасти, лек волидони онхо нестанд ва хеч гох намеоянд идома додам суханамро  Худоям гуфт: «Орзу, ту аз кучо медони меоянд волидони онхо е на?» Дар  давоми чордах сол барои аёдат акалан як бор наомаданд ва сабаби дигар он аст, ки ба волидонамон агар лозим бошем моро дар биёбон ки хама ташнаи мехру чашми умед ба рохи онхо духтаем, гузошта намерафтанд.  Баъзе волидон фарзандро ба дунё меоранду ба чунин рузхои сахт, хориву зори гирифтор месозанд. Шояд ман солим ба дунё меомадам ба касе лозим мешудам, аммо фарзанди маъюб ба ки лозим? Агар солиму доно будам, шояд маро мепазируфтанд, лек гумон. Ин вакт худо гуфт: «Ин фикрхои галатро ба сарат рох надех, Орзу ту хеч гох гамгин набош Худои ту хамеша хамрохат тамоми дунё аз ту руй тобат хам манн бо туям ва ту танхо дар калби худ мехр, поки, неки, вафодори ва хакгуиро чой бинамо, албатта ба орзухои Орзуям амали   мешаванд. Он фарде, ки нисбати дигарон бадиву фиребро раво мебинад, чег гох лаззати ин дунёро намечашад ва ба максадхои хеш намерасад. Бинобар ин хам, хамеша ростгуву росткор бош, ба суханони касе зудбовари накун, зеро ки дунёи ботинии хар фардро танхо ман медонам,  хаминро дар хотир дор ки ман ягонаям, лек хамаи бандахоямро, рафтору гуфтори онхоро мебинам ва  гахе шоду гахе гамгин мешавам. Хаминро дар хотир дор Орзу ман хамаро дар алохидаги дуст медорам ва ботинашро ба мисли оина мебинам, барои хамин ба ту мегуям Орзу, ба тамоми олам танхо неки бикун, ки танхо амали нек номи  ба ин хар кас мушарраф намегардад. Ту худро хеч гох танхо хис накун бидон, ки ман хамеша бо туям харлахзае ки танхоиро эхсос мекуни чашмонатро пуш ва тасаввур намо, ки ман дар назди туям, дар пахлуят нишаста нолаи дилатро гуш мекунам». Ногах дари хучраамонро касе куфт ман чашмонамро боз кардам ва дарк кардам, ки ин хама сухбатхои самимиву пур аз мухаббат танхо руъёи Орзу будааст, аммо дар зиндаги рохи дурустро интихоб кардам ва бароям рохбаладам кард падари осмониям.

Очень плохоПлохоУдовлетворительноХорошоОтлично (Без рейтинга)
Загрузка...