Марямбонуи Фаргони

DSC_0036Пишу я с 14 лет, но первую свою книгу рассказов и повести под названием “Афсонаи тамаддун” (“Легенда о цивилизации”) удалось опубликовать только в 1995 году, когда мне было 39 лет. Но как говорят таджики, “Дер ояду шер ояд” (поздно, но удачно), поскольку моя первая книга уже в 1996 году получила премию имени Бориса Пастернака в Москве. Сразу после я стала также членом Союза писателей Таджикистана.
На сегодняшний день я смогла опубликовать 6 сборников рассказов и повестей (“Афсонаи тамаддун”, “Хадиси Риштон”, Хуморшикан”, Чахор кисса”, “Шахболи хаёл”, “Таманно”), а также 2 поэтической книги (“Исои ман шав” и “Нури ахтарпорахо”).
Следует отметить, что сборник “Шахболи хаёл” в 2013 году стал лауреатом премии имени Садриддина Айни Союза писателей Таджикистана.
Помимо писательской деятельности долгие годы, с 1989-го, занималась журналистикой. До этого была учителем в средней школе, старшим методистом в Министерстве образования Таджикской ССР. Именно опыт работы в этой системе позволил мне в последующие годы освещать в отечественных газетах и журналах проблему системы образования в стране, особенно обучения девочек в школах. Также в центре внимания моих материалов был вопрос национального самопознания.
Возможно это и стала причиной тому, что меня за последние несколько лет наградили нагрудными знаками “Отличник образования Таджикистана”, ” Отличник печати Таджикистана”, “Отличник культуры Таджикистана” и “Нишони сухан” (за труды в области литературы).
Год как уже нахожусь на заслуженном отдыхе. Время зря не теряю – пишу новые рассказы, стихи, участвую в вашем конкурсе. Надеюсь повесть “Таманно”, которая рассказывает о тяжелой и драматической жизни женщин в годы гражданской войны в Таджикистане (1992-1997), вам понравится.


Повесть “Таманно”

Синопсис

                  ВАҚТЕ САГ СОҲИБАШРО НАШИНОХТ

Овардаанд, ки дар деҳа як девона буд. Ҳама ба ҳоли он ошуфтаҳол тамасхур мезаданд. Ва аз қазо мардуми он деҳаро саросар бало расиду бо тасодуфе як нафар аз офат бегазанд монд. Акнун мардуми русто ягона шахси солимро бо ангушт нишон дода, ба ҳолаш механдиданд.

                                      ***

Ӯро, ки дар яке аз кӯчаҳои шаҳри бедарвоза саланг-саланг мегашт, чанд нафар ба гап гирифтанд. Вай беибо бо онҳо суҳбат мекард. Аслан, гуфтугӯйи онҳо берабту бемақсад буд. Зан бефикру хаёл ба саволи онҳо ҷавоб медод ва ҳамчунин худ чизро мепурсиду ба ҷавобаш интизор намешуд, яъне, мусоҳиба мавзӯи ягона надошт. Бурданд ӯро ба хонае, ки дару девораш шикаставу рехта буд. Не палоси ҳалоле, не анҷоми бемалоле дошт. Рӯйи ҷандаҳо шинондандаш. Порае ҳасибу ним сотгин шаробаш дароз карданд. Рӯй турш карду бо ишорати даст рад сохт. Ҳамнишинон ӯро маҷбур накарданд.

–  Бешароб маст аст,- гуфт марди миёнсоле. Ҷавони жӯлидамӯй ҳиринг-ҳиринг хандид ва ҳама қадаҳҳоро ба сар кашиданду ҳасибу сирпиёзро аввал бӯй карда, сонӣ ба даҳон андохтанд. Маст буданд, масттар шуданд. Вале онҳо ҳанӯз ин ҳолатро ҳеҷ мешумориданд.

–  Бало занад, кошки шароби мардафкан бошад, охир, ҳеҷ хумор намешиканад,- гуфт соҳибхона.

–  Мана, марҳамат,- ба зан бепарво ишорат кард жӯлидамӯй,- бишкан хуморатро.

–  Эҳ, даст афшонд якумӣ,- ку ҳавсалаи бевабозӣ, боз кошки сиҳат бошад.

–  Кадом соҳиби ақл аз паси ману ту кашола шуда, ба ин ҳелчаи саг меояд. Вақти дунбаи карт хӯрдан гузашт, ба шушбирён шукрона бояд,- гуфт марди миёнсол.

–  Файласуф, бисёр гап нафурӯшу боз якто рез.

Ва боз садои қул-қули шиша шунида шуд. Зани парешонмӯй «пуф-пуф»-кунон даҳону биниашро нимпӯш карду рӯй аз ҳамдамонаш тофт.

–  Бева ноз мекунад,- ҳир-ҳир хандид жӯлидамӯй.

–  Мусиқӣ мон, зиқ нашавад. Хаёлам, рақсу бозиаш мефорад.

Марди солрафта аз таги кати шикастае, ки ҷойи пояи чорумаш сето хишт гузошта буданд, магнитофонеро кашида баровард.

–  Ин қуттии шалақ ҳамсоли ҳамин Метумгул нест?- хандаи безеб кард жӯлидамӯй.

–  Зато, магнитофони бақувват аст «Электроника». Ҷойи садто «сентр»-и хитоия мегирад моли союз, ҳамту не?

–  Ҳамту, ҳамту,- дар ҳолате ки сигор дуд медод, гапҳои якумиро тасдиқ кард «файласуф».

–  Чӣ хел замона буд-а…

–  Эҳ-ҳе, рабочый класс қадр дошт, қимат дошт. Ҳарчанд ки дар ҳамон давр ҳам ҷойи шиштамон ҳамин катак буд, умед мекардем, ки рӯзе давлат хонаи замонавӣ медиҳад.

–  Ҳатто, агар хона намедод ҳам, ҳар саҳар рӯйи ҳавлӣ мебаромадему аз ҳавоие, ки бӯйи тамоку мекард, нафаси чуқур мекашидему хумори шароби шабонаро мешикастем, чӣ хуб буд!- нимшӯхиву нимҷиддӣ ҳасрат кард «файласуф».

–  Ҳо, ун замона бебозгашт рафт. Аз маҳаллаи «Табачка» ном монду халос. Афсӯс…

Садои мусиқии ҳиндӣ дар фазои дудолуди кулба ба мавҷ омад. Занак аз ҷой хест ва шарфи рангпаридаашро аз гардан гирифту ба камар ҳамоил сохт.

–  Ҳа-ту-ба!- баробари овозхон садо дода, ба зарби оҳанг мувофиқ дасту по афшондан гирифт. Дигарон чапак зада  «бале» мегуфтанд. Суръати ҳаракати дасту пойи  зан меафзуд, ҳамзамон нидоҳои таҳсиномез баланд мешуданд. Нигоҳи чашмони девонаавзо маъно ва рақсаш ҷозиба пайдо мекард.

–  Мегӯм, Метумгул чандсола бошад?- ҷавонмард ба ҳамнишини солхӯрдааш суол кард.

–  Раққосая як бор таҳқир кардӣ, дам шиштем, ду бор таҳқир кардӣ, гап назадем. Аз худ нарав, гурбаи ошолуд. «Тетумгул» гуфтанат чӣ маънӣ дорад? Ин зан ном дорад, фаҳмидӣ? Номаш – Хатуба! Хатуба бугӯш, фаҳмидӣ? Ҳо, ҷӯра, аз худ нарав, ки ин зан фоҳиша не! Хатуба як зани ба мисли мо бадбахт, фаҳмидӣ?!

–  Хатуба? Модараш Хатуба  ном кардааст? Аҷиб…

–  Туро падару модарат «Жӯлидамӯй» ном карда буданд? Маро ҳам замоне «Файласуф» не, Абдукарим мегуфтанд. Соҳибхона ҳам номи зебое дошт – Фарҳод. Шояд Хатуба ҳам номи дигар дошт. Бирез заҳра.

Зан беист рақс мекард, нозу адо менамуд. Мусиқӣ аз паси мусиқӣ, арғушт аз паси арғушт… Оқибат соҳибхона якпаҳлу ғелиду сар ба ҷандаҳо монда, хур-хур нафас кашид. Жӯлидамӯйи сархуш аз Файласуф мепурсид:

– Хатуба аввалҳо раққосаи ягон ансамбл буд магар?

–  Кӣ гуфт?

–  Охир, ин қадар зебо мерақсад.

– Не. Хатуба сонӣ раққоса шуд. Вай фақат дар базми мо барин бадбахтон мерақсад. Вақти моро хуш мекунад. Барои чӣ, медонӣ? Барои он ки рақси ӯ ба ғайр аз мо ба ҳеҷ кас даркор нест. Мо ҳам дигар ба ҳеҷ кас даркор нестем. Мо на ҷойи кор дорему на обрӯву эътибор. Хатуба ҳам ба касе лозим нест. На ба наздиконаш, на ба фарзандаш.

–  Чиҳо мегӯйӣ, Файласуф? Хатуба фарзанд дорад?

–  Шояд, ҳатто, наберадор бошад.

–  Наход…

–  Чанд солаш медиҳӣ?

–  Бист-бисту ду…

–  Бигзор, гуфти ту шавад. Хатубаи бемисли мо ҳамеша ҷавон бимонад. Барои Хатуба менӯшем.

Қадаҳҳо боло шуданд.

–  Файласуф, май ҳам  тамом шуд,- лабонашро бо остинаш поккунон аз ҷайб даҳсомоние баровард Жӯлидамӯй, ман мағозаи маҳаллаи шуморо намедонам. Шояд боз як шиша биёрӣ-а?

–  Кӯча баро, дар ҳар як қадам як дӯкони шахсӣ. Ёфтани шароб проблема не.

–  Ба ҳар ҳол, маҳаллаи бегона, худат рав. Пул-ку аз ман, ақаллан хизматаш аз ту бошад.

–  Хайр, гуфти ту шавад. Лекин раққосая наранҷон. Тартиба вайрон накун, ки ҳамсояҳо шикоят мекунанд.

–  Ба кӣ?

–  Аксари ин мардум зодаи ҳамин маҳаллаанд. Медонанд чӣ кор карданашона, фаҳмидӣ?

–  Хуб-хуб, тезтар рав, гулу сахт мехорад.

Ҷавон дарро аз дарун баст, аз чағбутҳои бадбӯй ҷойгаҳ андохт ва камарбандашро суст кард…

–  Мадад кунед! Вой дод!!!

Вале он ноҷавонрой аз қасди бад даст намекашид, балки даст ба камари ҷавонзан меандохт.

–  Сар те мана! Кистӣ ту? Сар те, мегӯям! Ҷаҳон! Ҷаҳон, ёрӣ те! Ҷа-ҳон!!!

Аммо дар ин қария на Ҷаҳон буду на Ҷаҳон ном шахсро ҳатто аз ҳамнишинони ин зани баргаштабахт касе мешинохт. Зан тамоми қувваташро ба ҳам овард ва зарбае миёни пойҳои марде фаровард, ки ӯро пахш карда буд.

–  Ваҳ, сара хӯрдӣ, фоҳиша!

Мардак гӯё ҳаппаке буд, ки парида ба кунҷи девор афтод ва ба худ печид. Занак шишаи холиро ба даст гирифт ва осемасар қуфли дарро кушоду худро берун афканд. Дар роҳрав Файласуфро дид, ки дар даст ду шиша шаробу ҳасиб дошт ва калавида-калавида пеш меомад.

–  Хатуба, чӣ гап?

–  Очат Хатуба! Аз пеши роҳам дур шав, ки ҳолат бад мешавад!

Файласуф худро ба кунҷи девор кашид ва баъд аз он ки занак дар торикии ҳавлӣ ғайб зад, ғур-ғуркунон худро ба хона расонд.

–  Чӣ кор кардӣ?- вай ба ҷойгаҳи рӯйи фарш ишора кард.

–  …

–  Шукр кун, ки накуштааст.

–  Девонаи ба кори худ ҳушёр будааст, пок сара мехӯрд.

–  То ҳол касе ба ӯ дастдарозӣ накардааст. Гуфта будам-ку, ба вай чақа нашав. Аз худат гиламанд шав акнун. Накуштааст, хуб гапе…

                     ***             ***         ***

«Худоё, дар хоб мондам-чӣ?     Аллакай торикӣ фаромадаст. Ман ҳанӯз хӯроки шом омода накардаам. Хушдоманам чӣ мегӯяд? Айб шуд»,- арӯси нав бо ҳамин хаёлҳо аз ҷой хестанӣ шуду… сараш ба тангии лаҳад зад!!! Ва ба даҳшат афтод. «Чӣ гап? Ин манзили тангу тор  чӣ ҷоест?» ӯ хост атрофро даст-даст карда бинад. Илоҷе надошт, танаш бо чизе печонида. Хост фарёд занад, мардумро ба имдод хонад, вале манаҳи бастааш имкон намедод. «Худоё, маро зинда ба зинда гӯронидаанд-чӣ?»- беихтиёр аз дил гузаронид ва баъд аз ин сахттар ба даҳшат афтод. Охир, ҳис кард, ки  ду нарангушти пойҳояшро ба ҳам бастаанд! Нафас дар гулуяш мепечид, ҳуш аз сараш мерафт, бо вуҷуди ин дар талоши ҷон кафан пора мекарду раҳоӣ аз ин ломакон меҷуст. Фарёди даҳшатборашро фақат худаш мешунид. Дод мегуфту хишти даҳони гӯрро меканд, хоки даҳманаро панҷакаш мекард. Оқибат дарди сар ба андозае шиддат гирифт, ки!…

Ин кори душворро чанд муддат давом дод ва кай сӯрохие сохту нафаси амиқ кашид, на худаш ва на каси дигар медонад. Чунки касе ҳам шоҳиди ҷонбозиҳои ӯ набуд ва худаш, ки акнун ақл бохта буд, дигар ҳастиву нестиро сарфаҳм намерафт.

Вақте сар аз гӯрхона берун баровард, на хештанро мешинохт, на медонист, ки ин ҷо водии хомӯшон аст. Бо вуҷуди ин оҳи сабук кашид. ӯ ба мисли гӯсолаяке, ки нав ба дунё омадаву аз рӯйи ғариза ба пистони модар майл мекунад, калавида-калавида ба роҳ даромад. Ҳис намекард, ки танаш урён аст ва бо ин ҳол байни шоҳроҳ баромадан айб мешавад. Агар вай ақл медошт, баъди он ки ба шоҳроҳ расид, кӯчаи самти муқобилро интихоб мекард. Кӯчаеро, ки ҳамагӣ чанд рӯз пеш қофилаи бахташ дар яке аз ҳавлиҳои он маҳмил кушода буд. Дар он ҳавлӣ азизи дилаш, шоҳи номуродаш, Ҷаҳонаш, ки васли ӯро ба ду дунё иваз намекард, маъракаи ғам обод мекунад. Он хона мотамсарост. Вай, агар осемасар намебуд, ҳатман ёди он хонае мекард, ки чодари арӯсиашро накандаанд. Ёри дар ҳусну салобат ягонаи давронаш дар хона сарафкандаву ғамгин нишаста, балки ӯ худ ба кӯҳи ғам мубаддал гашта… Бале, агар ӯ ҳушманд мебуд, кай ёди хонаи падар мекард, ки гуфтаанд: «Дили оча ба бачаву дили бача ба кӯча.» Кӯи бахти ӯ дар самти чап аст, на ҷониби рост. Аммо ин вуҷуди девонаавзо ба самти рост тоб хӯрду беибо, бериё пеш рафтан гирифт. Агар шаб аз ним нагузаштаву ақаллан пеш аз хуфтан, ё фаразан, дами субҳ мебуд, ӯ бо ин шаклу шамоил чанд касро талхакаф мекард: танаш урён, мӯпарешон… Аммо агар касе, ки ба вуҷуд доштани дев ё албастию парӣ бовар намедошт, ба банди гесуи парешони ин париваш меафтод ва мисли вай ақл мебохту то хонаи падари ӯ думболагир мешуд.

Таманно раҳгум назад. Бе ҳеҷ душворӣ хонаеро, ки хуни нофаш рехта буд, ёфт. Кӯчаро чароғи хирасӯз базӯр равшан мекард. ӯ дарро тела дод. Кушода нашуд. Зулфини дарро ҷунбонид. Касе садо надод ба ҷуз Чорчашм, ки ба дарвозахона наздик шуда  ду-се аккос зад.

–  Чорчашм, ин – ман.

Саг, ки овози шиносро шунид, фӯкашро ба таги дарвоза молида овозе баровард, ки ба духтари ин хонадон, ҳамбозии даври кучукиаш фаҳмо буду бас. Лекин аз хона касе намебаромад.

Очень плохоПлохоУдовлетворительноХорошоОтлично (1 136 голосов, средний бал: 4,63 из 5)

Загрузка...