Исфандиёр Назар

10492427_485883501591537_535430170215735231_nИсфандиёри Назар (Алиев Саидмирзо Назарович) родился в 1971 году в селе Дарг Согдийской области. Работал в еженедельниках “Хамроз” (главный редактор), “Гулгул” (главный редактор), “Сипар” (заместитель главного редактора), “Сорбон” (учредитель и главный редактор) и ежедневнике “Имрузньюс” (главный редактор). Около 14 книг и произведений таджикских и мировых авторов мною подготовлены к печати и опубликованы в таджикских издательствах и прессе.

Занимаюсь тремя областями литературы: стихи и поэзия, проза, и исследование. Первый сборник моих стихов под названием “Возвращение Исфандияра” (“Руҷуъи Исфандиёр”, 1994, Душанбе) вышел еще когда я учился на третьем курсе в Таджикском Национальном университете в факультете арабского языка. Мой первый роман “Долгая ночь” (“Шаби тӯлонӣ”), написанный в 1990 году, был удостоен Награды в области прозы Коситета по делам молодежи в 2000 году. Стихи были обупликованы на арабском в Кувейте, в нескольких совместных сборниках в Иране, в двух книгах “Хамхуни Деваштич” и “Эъ шеър” в Кабуле в 2009 году. Образцы моих повсетей опубликованы в таджикоязычной прессе Узбекистана и русскоязычных журналах и алманахах Душанбе. Являюсь членом Союза журналистов Таджикистана. В этом году политический еженедельник “Нигох” (Душанбе) назвал меня “Поэтом года”.

Другие сборники моих стихов: “В улицых ночи” (“Дар кӯчаҳои шаб”, Душанбе, 2016), “Оставь меня и уходи” (“Маро супор ва бирав”, Душанбе, 1997), “Стебель ревня” (“Як соқа ребос”, Москва, 1999), “Память крови и пепла” (“Ёдгори хуну хокистар”, Москва, 1999), “С переправы бури” (“Аз маъбари тӯфон”, Душанбе, 2000), “Одной крови с Деваштич” (“Ҳамхуни Деваштич”, Душанбе, 2008).

Прозы: Рассказы “Грязные деньги” (“Пули ҳаром”), “Кровавый амулет” (“Тӯмори хунин), “Пальма в болоте” (“Нахл дар мурдоб”, Душанбе, 2008) и роман “Долгая ночь” (“Шаби тӯлонӣ”, 1990)

Исследования: “Два великих национальных праздника: Навруз и Мехргон” (2008), “Святой Дарг – краткая история” (2009), “На даргском говоре” (2009), “Навруз в Дарге” (2008), “Трагедия таджикской нации” (на основе материалов 1924-27гг. первой официальной газеты таджикской нации в Самарканде – “Овози точик”; опубликовано на более чем 300 номерах ежедевника “Имрузньюс”), "Горсть поэзии и горсть музыки (2006),"Аҳмад Зоир – вечная музыка" (2005). Неопубликовано: “Услышь, что расскажет най” (“Бишнав аз най чун ҳикоят мекунад”, сочинение по первой тетради “Маснави” Джалолиддина Балхи), “Долгая ночь” (“Шаби тӯлонӣ”), “Поэзия снизошла с ангелских уст” (“Шеъри шоир таронаи қудсист”, сочинение о поэзии), “Седьмая книга – со стихами, женщиной и дождем” (“Хони ҳафтум-бо ғазал, бо зан ва борон”, полное собрание стихов).

I am engaged in three areas of literature: poetry, prose and research. The first collection of my poems, “The Return of Isfandiar” was published when I was in my third year at the Tajik National University Department of Arabic language. In 2000, Youth Committee awarded my first novel “The Long Night”, in the field of prose, which was written in 1991. My books of poems were published in Arabic in Kuwait, in Iran and two of them “Hamkhuni Devoshtich” and “Hey, Poem” were published in Kabul in 2009. Several samples of my novellas were published in the Tajik-language media in Uzbekistan and Russian-language magazine in Dushanbe. I am a member of Union of Journalists of Tajikistan. This year political newspaper “”Nigoh” announced me “Poet of the year”.


Сборник стихов "Цикл поэзии"

Отрывок

МАРГИ ШАРИФИ ШАҲР Ҳеч, Ман бори дигар андуҳгин бар хона баргаштам. Холӣ будам даст, Боз ҳам чун мурғаке аз киштзори хушк, Холӣ аз ҳар ҳечу пўчи донае бар лона баргаштам. Зан, Сарашро дар паланди дар ғамин бинҳода буду ман, Дастҳоямро такидам. Дар гулуям Талхфарёде, ки меомад бурун аз синаам беист, Пушти дандонҳо фишурдам, Ноларо танҳо худам инҷо шунидам. Маҳкама фардост, медонам. Тирабахтӣ пеши рўям , Вой! Охир бо кӣ гўям? Бо кӣ гўям заҳролудам, Талхдудам. Беҳтарин саг, ки шарифи шаҳри мо буд, мурд. Ман гунаҳкорам. Зеби дорам, Мустаҳиқи сангсорам. Вой, ман аз пушти рўзӣ рафта будам шаҳр, Он шарифи шаҳри мо – он саг, Гоз бигрифт банди поямро, Мурд саг, Ман зинда – медонед? Додгоҳ ташхис карда, Он шарифи шаҳр, яъне саг, Аз барои луқмае, ки баргирифт аз пойи ман, мурда! Саг аз они хонадони муҳтарам будасту акнун войи ман, мурда! Маҳкама фардост, медонед? Он шарифи шаҳри мо, он саг, дареғо, ҷойи ман мурда! 10.06.2014 ҚАСИДАИ ТАҶЛИЛИ ТУ Ба намоишноманависҳо гуфтам: Қаламҳоятонро бигзоред! Имрӯз, рӯзи фоҷианависӣ нест! Ҳунармандони театрҳоро ба рухсатӣ бифристед, Саҳнаҳо аз намоиши ашку хуну шамшер бояд холӣ бошанд! Имрӯз навиштане дигару намоише дигар аст! Ба ҳафриётчиҳо - ин дуздҳои осори милали мухталиф , - гуфтам: Ҳамаи ончиро аз ҳаффориҳо ба даст овардаед, аз хонаҳоятон Ва аз осорхонаҳои кишварҳои абарқудрататон рӯи майдоне бирезед! Мехоҳам хазинаву дафинаҳои шоҳони пешинро аз чашм гузаронам. Шоҳонеро, ки кишварҳояшон ҳаргиз иртиботе ба сарзамини ҷадиди сохтаи шумо надоштанд Ва шумо меросбарони онон нестед! Имрӯз дастатонро кӯтоҳ дидан мехоҳам, Зеро муҳимтарин рӯзи таърих аст, Ки таърихро аз он таҳаввулу оғози тоза мебахшам! Ба роҳзанони баҳрӣ гуфтам: Дарёнавардону ғаввосонро кор нагиред, Мехоҳам аз қаъри дарёҳои азиму жарф ҳарчиро аз садафу зебоист ба соҳил кашонанд, Киштиҳои ғарқшудаи қадимиро низ, Ки аз ҷавоҳире гаронқимат анбошта будаанд. Аз табиати зери уқёнусҳо беҳтарин обсабзҳоро мехоҳам. Беҳтарин гулҳои обиро! Баҳорро даъват кардам, Чаманҳоро ба ҳузур пазируфтам, Боғҳоро канори ҳам ҷой додам, Тамоми дашту саҳории гулпӯшро ба маҷлис хондам. Бигзор овозхонҳои машҳури шохсорон низ омада бошанд! Бо онҳо низ коре дорам! Корбофакҳоро гуфтам: Беҳтарин анвоъи абрешимҳои танидаи худро оваред! Даштнишинҳо куҷоянд? Тамоми галлаи асбонро мехоҳам бубинам. Мехоҳам ҷуфт-ҷуфт аз беҳтарин асбҳо баргузинам, То гардунаи муқаддасро бикашанд! Бонуи ман! Имрӯз, рӯзи туст, Мехоҳам туро таҷлил кунам! Мехоҳам саҳнаи намоиш пардаи чашмҳои ман бошад, Ва Хуршед туро дар ман намоиш диҳад! (Саҳнаҳои ҷаҳон чашмҳои худи мардум бошанд Ва танҳо намоишномаҳо хубии занон бошад!) Ту дар нақши абадии худ ба ин саҳна ворид шав Ва аз ончи ба ман, ки маҳви тамошои туям, бигӯй, ки худ мехоҳӣ бигӯӣ! Намоишноманависҳо бигзор таътил кунанд! Мехоҳам туро таҷлил кунам, Бонуи ман! Хазинаҳои ҷавоҳир пеши ту чи арзише доранд? Чаро шаҳони дузду дузди хазоинашон умре, Ба ончи ишқ варзиданд, ки пеши гавҳари вуҷуди ту ҳеч аст? Ман аз ҳама хазинаҳо чиро барои ту гирам, Ба по-т, ғайри бӯсаи худам, ки халхол аст? Бимон хазинаҳо ба зери пойи ту бошанд! Садаф – тани сапеди туст Ва қаъри уқёнус, Ки боғҳои сабзи обии Худост! Бимон, ки боғҳои зери об аз он моҳиён бошанд, Аз он ҳама чи баргирам барои ту, Ки арзиши туро ба ҷилва оварад? Туро ду боғи обии нигоҳи ман бас аст, Ки ғунчаҳои ашкашон ҳамеша рушан аст! Баҳор, ҷилваи ҷавониҳои туст, Бимон баҳор бо ту бод! Тамоми даштҳои сабзрӯ хаёли туст, Ва боғҳо, ки гулфишоният кунанд, Парандаҳо, ки нағмахоният кунанд! Баҳор бо парандаҳо барои туст! Паранди корбофакҳоро ба онҳо мебахшам, Паранди хаёли ман либоси тани ту хоҳад буд! Ман танҳо асбҳоро бармегузинам, ки гардунаи туро бикашанд! Гардунаи туро, ки Хуршеду Моҳ аз ду самти он дар ҳаракатанд! Тамоми худоёну нимахудоёни бостониро мулоқот кардаам Ва кутуби адёну мазоҳибро пеши онон дарс хондаам. Ман тамоми ашъори шоирони осмониро хондаам Ва аз луғоти тамоми башар беҳтарин вожаҳоро барчидаам. Мехоҳам армуғони ман беҳтарин бошад! Туро таҷлил мекунам Ва армуғонамро ба ту пешкаш мекунам. Худоёни қадимӣ туро таҳният мегӯянд! Бонуи ман, Ту муқаддасӣ! Ман ин оятро аз хилоли кутуби адёну мазоҳиб дар ёд дорам! Аз он ҳама ашъор, Аз он ҳама вожа, Танҳо ду калимаро пайдо кардам, Ки гӯшвори ту хоҳам кард! Ду калима, ки ҷаҳонро тағйир медиҳанд Ва таърих аз тақвими нав оғоз мешавад, Ду калима: Дӯстат медорам! Бонуи ман, Дӯстат медорам! Ки ҷаҳон оромиш дошта бошад, Фаластин бихандад, Байрут аз муҳоҷират баргардад Ва дар Шом субҳ чароғи офтобро рушан кунад. Ва Афғонистон Дигар макони дафни занон набошад Ва номашро дар шиносномааш дубора Хуросон бинависанд. Дар Бухоро Наврӯзи Сиёвушонро таҷлил кунанд. Ва Ғарб – корхонаҳои силоҳсозияшро осорхонаи рӯзҳои сиёҳи гузаштаи ҷаҳон созад! Дӯстат медорам, То лабханд ҳукмфармо гардад, Меҳрубонӣ ҳукумат кунад! Дӯстат медорам, Бонуи ман! Очень плохоПлохоУдовлетворительноХорошоОтлично (481 голосов, средний бал: 4,51 из 5)
Загрузка...